“Истиқлол” чемпиони Қирғизистонро 4:1 шикаст дод!

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (КФО-2017) дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ тими “Олой”-и Ӯшро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.

Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ва «Олой», қаҳрамони секаратаи Қирғизистон, 3 май дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюмбоеви шаҳри Ӯш баргузор шуд.

Ҳисобро легионери русиягии “Истиқлол” Дмитрий Барков дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 32-юм, боз кард. Баъди ҳафт дақиқа голи дувумро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд. Голи сеюмро Дилшод Восиев, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 79-ум, аз ҷаримаи 11-метрӣ ба тӯри дарвозаи мизбонон зад. Ҳафт дақиқа қабл аз анҷоми замони асосии дидор боз ҳам Дилшод Восиев голи чорумро ба дарвозаи “Олой” ворид кард. Як голи мизбононро Одилҷон Абдураҳмонов дар дақиқаи 89-ум ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” тими “Олой”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”-и Душанбе дар ҷадвали гурӯҳи “D” бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. “Олтин Асир”-и Ишқобод, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 7 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. “Дордой”-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми сеюм аст. “Олой”-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум ҷойгир шудааст.

Бозии даври панҷумро “Истиқлол” рӯзи чоршанбеи 17-уми май дар меҳмонӣ бо “Дордой”-и Бишкек анҷом медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *