“Истиқлол” дар хона ҳуқуқи бохтан надорад
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон, нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 алайҳи дастаи «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи чемпионати Туркманистон, имрӯз, 7-уми март, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мекунад.
6-уми март дар арафаи ин бозӣ дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиёни ҳарду даста доир шуд. Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии “Истиқлол”, ба хабарнигорон гуфт, ки соли дувум аст, ки «Истиқлол» паиҳам мусобиқотро аз бозии хонагӣ шурӯъ мекунад ва рақибони дастаашон дар гурӯҳи «Д» бошгоҳҳои футболи Туркманистон ва Қирғизистон мебошанд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад.
» Рақибамон пурзӯр аст. Вале мо дар хона бозӣ мекунем ва бояд бозии худро нишон бидиҳем. Мекӯшем,ки ба рақибамон муқобилияти сахт нишон бидиҳем», — ваъда дод Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ