«Истиқлол» дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2017 бо дидори дастаҳои  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Эсхата»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Душанбегиҳо дар вохӯрии аввалини марҳилаи  1/4 финалӣ ба дарвозаи меҳмонон 6 голи беҷавоб заданд.

 Муаллифони голҳо Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаҳои 7 ва 44-ум), Сиёвуш Асроров, (дақ.9), Ромиш Ҷалилов (дақ.41), Фатҳулло Фатҳуллоев (дақ, 80), Дилшод Восиев  (90+1 гардиданд.

Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол») бозигари беҳтарин дидор дониста шуд. Ин ғалабаи калон ба «Истиқлол» имкон меиҳад, ки ба марҳилаи нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон ворид шавад. Зеро дар дидори ҷавобӣ ба гумон аст, ки «Эсхата» ба дарвозаи «Истиқлол»7 голи беҷавоб занад.

Дидорҳои дигари марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  16 август байни дастаҳои КМВА «Помир» – «Вахш» ва «Ваҳдат» – «Хуҷанд» баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 17.30.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *