Истифодаи лампаҳои галогенӣ манъ карда шуд

Аз 1 сентябри соли 2018 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъи истифодаи  лампаҳои  галогенӣ (лампаҳои тафсон) мавриди амал қарор мегирад. Дар ин бора «Telegraf.by». хабар медиҳад.

Дар навбати аввал истифодаи  лампаҳои  гуногунранг ва чароғпояҳо манъ карда мешавад.

Ба харидорон пешниҳод карда мешавад, ба ҷойи ин гуна  лампаҳо аз  лампаҳои  диодии равшан, ки неруи барқро нисбат ба намудҳои галогенӣ 5 маротиба камтар сарф мекунад, истифода баранд.

Даст кашидан аз истифодаи лампаҳои  галогенӣ имкон медиҳад, ки дар як сол аз 15 миллион тонна партовҳои карбон пешгирӣ карда шавад.

Коршиносон бар он назаранд, ки харидорӣ намудани  лампаҳои галогенӣ арзонтар, вале сарфи неруи барқ ҳангоми истифодаи онҳо нисбат ба чароғҳои диодии равшан зиёдтар аст.

Аз рӯи ҳисобҳои «Philips», истифодабарандагон дар сурати гузаштан ба  истифодаи лампаҳои диодии равшан метавонанд дар як сол беш аз €124 сарфа кунанд. Дар баробари ин, муҳлати истифодаи  лампаҳои  галогенӣ ба ҳисоби миёна 2 сол, муҳлати хизматрасонии намудҳои диодии равшан бошад, 10-15 сол аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *