Истихроҷи беш аз 2 миллион тонна ангишт дар 11 моҳ
Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 2 миллиону 377 ҳазору 276 тонна ангишт истихроҷ шудааст.
Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, айни замон дар Тоҷикистон 17 корхона, аз ҷумла 5 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи хусусӣ дар 12 кон ангишт истихроҷ мекунанд.
Фурӯши ангишт бошад бо назардошти бақияи соли гузашта 1 миллиону 692,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳукумати кишвар нақша дорад, ки соли ҷорӣ истихроҷи ангиштро то ба 3 миллион тонна расонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ