Исёни хунин дар зиндони Ваҳдат

Дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний” маъруф аст, ошӯб рух дод ва талафоти ҷонӣ дар пай доштааст.

Дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний”  маъруф аст, ошӯб рух дод ва талафоти ҷонӣ дар пай доштааст.

Бино ба хабаре, ки дар сомонаи Вазорати адлияи Тоҷикистон мунташир шудааст, 30 узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, ки дар ин зиндон нигаҳдорӣ мешаванд, исён бардоштаанд.

Дар хабар омадааст: “Онҳо бо корд ва асбобҳои бурранда се корманди зиндониро гаравгон гирифта ва сипас куштаанд ва қасди фарор карданд”.

Бино ба маълумоти Вазорати адлия исёнгарон ба дархости кормандон барои қатъ кардани бетартибӣ ва риояи қонун ҷавоби рад дода ва қотеъона талаби озодӣ кардаанд. Дар ҷараёни музокирот миёни зиндониён мухолифат ба амал омада ва чанд корманди зиндон аз зарби корд ва асбобҳои бурранда захмӣ шудаанд.

Дар натиҷа маъмурияти зиндони рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат барои ҷорӣ кардани тартибот дар дохилии маҳбас чораҳои қонунӣ андешидаанд.

Дар хабари Вазорати адлияи Тоҷикистон дар мавриди талафоти ҷонӣ миёни зиндониён маълумоте оварда нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет аз кушта шудани даҳҳо зиндонӣ тавассути неруҳои амниятӣ хабарҳо пахш шудааст.

Феълан вазъият дар зиндони шаҳри Ваҳдат муътадил шуда ва таҳти назорати комил қарор доштааст.

Тибқи иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, дар зиндони «Кирпичний» дар шаҳри Ваҳдат ҳудуди якуним ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд.

Ошӯби мазкур дуюмин исёни хунин дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ним соли ахир аст. Дар моҳи ноябри соли гузашта дар зиндони рақами сеи Хуҷанд ошӯби хунин рух дода ва бар асари он беш аз 20 зиндонӣ ва маъмурони маҳбас кушта шуданд.

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *