Иттифоқи нависандагон: 9 нафарро ронду як нафарро пазируфт

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон боз теъдоде аз аъзоёни худро хориҷ кард. Дар ин бора нашрияи ин ниҳод — «Адабиёт ва санъат» иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар ҷаласаи раёсати иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки 19 декабр баргузор гардид 9 нафар аз аъзогии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хориҷ карда шуданд. Инҳо Мавлуда Равшанёр, Сайёра Баҳодурова, Аслам Раҷаб, Ҷонибеки Қозибек, Муҳаммадрасул Иброҳимзода, Саиднабӣ Наҷимӣ, Хушдили Абдулғаффор, Отабек Ғоиб ва Ҳасан Ғоиб мебошанд.
Қабалан Итифоқи нависандагони Тоҷикистон 26 нафарро аз аъзогӣ хориҷ карда буд. Ато Мирхоҷа, муовини аввали Иттиҳодияи адибон, ба расонаҳо гуфт, ки ин ташаббус дар доираи як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷаласа шоиру мунаққиди ҷавон Муҳриддин Сабурӣ ба сафи Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда, ба вазифаи иҷрокунандаи мудири шуъбаи нақди Иттифоқи нависандагон таъин гардид. Қаблан дар ин вазифа мунаққиди машҳури тоҷик Мубашшири Акбарзода кор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *