Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: Ангуштони як мушт ва хомӯшӣ дар долонҳои Ҳукумат

Русия, Белорусия, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистонро ҷонибдорони идеяи Авруосиё  «ангуштони як мушт» мегӯянд. Аммо то кадом  андоза ин “мушт” ангуштони пурқувват дорад, вақт довар аст. Зеро онҳое, ки то имрӯз ба ин иттиҳод ворид гардидаанд, худро “ангушти пурқувват” эҳсос намекунанд ва баръакс ангушти маломат мегазанд.  Ин панҷгона дар якҷоягӣ иттиҳодеро ташкил намудаанд, ки онро Иттиҳи иқтисодии  Авруосиё меноманд ва иқтисодиёти кишварашонро рушд додан мехоҳанд. Аммо чаро Тоҷикистон аз чунин як  иттиҳод берун аст? Магар ӯ “ангушти пурқувват” будан намехоҳад?

Хӯрдаҳо  пушаймон, нахӯрдаҳо пурармон

Ҳафтаи гузашта  гурӯҳе  иборат аз коршиносони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар  шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бартарию камбудии иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро мавриди баҳс қарор доданд. Маълум буд, ки мақсади ин ҳамоиш моил кардани    Тоҷикистон ба аъзогии  ин иттиҳод аст.  Талоши  коршиносони хориҷ аз кишвар   ин буд, ки мақомоти Тоҷикистон  барои узвият  дар ин иттиҳоди иқтисодӣ  ризоият диҳад.

Дар ин нишаст, ки 22 ноябр дар пойтахт ҷараён гирифт,  воридшавии Тоҷикистон ба иттиҳод   ва зарару фоидаи ин дар ҳузури коршиносони тоҷику кишварҳои узви ин созмон ва сафирони кишварҳои минтақа садо дод. Аммо намояндагони мақомоти  расмии  кишвар ҳузур надоштанд. Коршиносони қирғиз  бовар кунонданӣ мешуданд, ки ворид шудан ба ин созмон ба як кишвари содиркунандаи неруи корӣ манфиати зиёд дорад.

Аз ҷумла, иқтисодшинос Ҷумъақодир Акенеев иброз намудааст, ки баъди пайвастани Қирғизистон ба ин иттиҳод, шумори муҳоҷирони қирғиз дар Русия  афзоиш ёфта, интиқоли маблағи муҳоҷирон ба иқтисод низ бештар гардид. Инчунин, ӯ  гуфтааст, ки солҳои пеш Қирғизистон ба як бозори бузурги маҳсулоти чинӣ табдил  ёфт ва баъд аз пайвастани кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ин раванд суст шуд ва бо истифода аз сармоягузориҳои кишварҳои узви ин созмон саноати истеҳсоли маҳсулот дар дохили Қирғизистон афзоиш кард ва ҳоло тоҷирони қирғиз бештар ба фурӯши маҳсулоти ватанӣ машғул ҳастанд. Аммо сохторҳои расмии Қирғизистон чизи дигар мегӯянд. Чанд рӯз пеш  сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жеэнбеков дар Маскав, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё аз шароити фаъолияти ин созмон интиқод кард. Ӯ  гуфт, бо вуҷуди он ки аз  узвияти кишвараш дар Иттиҳоди АвруОсиё  якуним сол гузашт, аммо ҳамсояи наздикаш Қазоқистон дар интиқоли меваю сабзавот монеа эҷод намуда, ҳамоно назорати байториро нисбати молҳои ин кишвар дар марзаш ҳифз кардааст. Сарвазири  Қирғизистон аз ҷумла гуфт, ки танҳо дар чанд моҳи охир 500 тонна меваю  сабзавоти Қирғизистон аз марзи Қазоқистон баргардонида шуда, дар 330 тоннаи он гӯё бактерияҳои хатарнок ошкор шудааст. Ҳамин  гуна  мушкилот,  дар бархе аз сарҳадҳои Русия ҳам ошкор шудааст. Сарвазири  Қирғизистон гуфт, ки агар соли аввали узвияти кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Қазоқистон  6,5 миллион доллар меваю сабзавот ворид шуда бошад, имсол танҳо ба маблағи 27,3 ҳазор доллар мева ворид кардаанд. Ҷеенбоев гуфт, ки чунин шароити кор узвияти кишварашро дар ин созмон зери суол мебарад. Пас, Акенеев рост мегӯяд ё сарвазири кишвараш?

 Зарар ва фоидаи ИИА ба Тоҷикистон

То ҳол  дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон  миёни мансабдорон дар  бораи эҳтимолияти  ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  аъзо шудани Тоҷикистон  хомӯшӣ ҳукмфармост. Масъулин  дар ин бора расман чизе  намегӯянд. Баъзе аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ бошанд,  ба  узви ин созмон қабул шудани Тоҷикистонро аз манфиат холӣ намедонанд.

Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ ташкил  шудани чунин иттиҳод барои  кишварҳои Қазоқистон,  Беларус,  Русия ва Арманистон ва ахиран Қирғизистонро,   муфид номид: «Бо вуҷуди он, ки нобаробарии рушди иқтисодӣ  миёни  кишварҳои аъзо  вуҷуд дорад, аммо гардиши озоди мол, сармоя ва неруи корӣ миёни ин кишварҳо таъмин мешавад. Дар мавриди аъзо шудани Тоҷикистон ҳаминро метавон гуфт, ки айни замон дар бораи  фаъолияти кори иттиҳод сухан гуфтан мушкил аст. Агар дар оянда  кори  иттиҳоди мазкур  босамар сурат гирад, Тоҷикистон низ метавонад барои аъзо шудан ба он кӯшиш намояд».  

Раҳмон Ӯлмасов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар суҳбат ба расонаҳои кишвар мӯътақид  бар он аст, ки ин созмон шароити буду бош ва кори муҳоҷирони тоҷикро пеш аз ҳама дар Русия осон мекунад. Онҳо аз зарурати харидани патенти ҳармоҳа, муҳлати маҳдуди будубош ва маҳдудиятҳои дигар озод мешаванд. Ба гуфтаи  ӯ ҳоло рӯшан аст, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мисли муҳоҷирони қирғиз баробарҳуқ шуда, метавонанд дар рушди Тоҷикистон саҳми бештаре дошта бошанд: «Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дар нисбати кишварҳои дигари минтақа ба монанди Ӯзбекистон барои пайвастан ба ин созмон бештар омода аст.  Ба андешаи таҳлилгарон, ин иттиҳод як навъ иттиҳоде дар замони эҳёи робитаҳо дар шакли нав мебошад. Давлатҳое, ки аъзои ин иттиҳод ҳастанд, мехоҳанд, ки  фазои ягонаи иқтисодиро ба миён оранд. Кишварҳое, ки  корхонаҳои  саноатӣ доранд ва  истеҳсолоташон пешрафта аст, аз узви ин иттиҳод шудан, зиёд манфиат мебинанд. Ҳамчунин,  дар ин иттиҳод тарофаҳои ягонаи гумрукӣ пешбинӣ  шудааст. Дар ин ҳолат Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки тарифҳои гумрукиашро тибқи меъёрҳое, ки дар ин иттиҳод ҳаст, мутобиқ гардонад. Ҳамин тариқ, соҳибназарон мегӯянд, ки агар Ӯзбекистон ҳам аъзои Иттиҳодии иқтисодии АвруОсиё шавад, барои Тоҷикистон бештар манфиат дорад. Чунки роҳи оҳани Тоҷикистон тариқи кишвари ҳамсояи  Ӯзбекистон мегузарад. Аз тарафи дигар, муҳоҷирони меҳнатии  Тоҷикистон натанҳо ба Русия, балки ба дигар кишварҳои узви иттиҳод низ имкони рафтуомад пайдо менамоянд. Аммо Ӯзбекистон тасмим надорад, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шавад.

Шавкат Тулаганов, муовини вазири иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон 29 ноябри соли ҷорӣ  дар Тошканд ба хабарнигорон гуфт, ки “бинобар хулосаи коршиносони Ӯзбекистон узвият дар ин иттиҳод ба Тошканд ягон бартарӣ намеорад, баръакс, ҳатто дар баъзе масъалаҳо ба мо осеб ҳам мерасонад”.

Баъзе аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ андеша доранд, ки бо узвият пайдо кардани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даромад ба буҷа аз ҳисоби воридот ва содироти  молу маҳсулот аз тариқи гузаргоҳҳои гумрукӣ ба маротиб кам мешавад. Ин зарар  ба иқтисодиёти кишвар мешавад.   Яъне, зарараш аз фоидааш бештар мешавад.

Усмон Раҳимзода

Маълумотномаи “Тоҷикистон”                                                                                       

Ибтидо президентҳои  Русия, Беларус ва Қазоқистон Владимир Путин, Александр Лукашенко  ва Нурсултон Назарбоев  дар шаҳри Остона — пойтахти Қазоқистон созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба имзо расониданд.  Ин созмони  минтақавӣ дар паҳнои пасошӯравӣ 1 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ карда буд. Маросими имзои созишномаи таъсиси ин иттиҳод дар шаҳри Остона дар поёни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё сурат гирифт. Тибқи тавофуқнома, сохтори асосии идоравии иттиҳодияи нав дар шаҳри  Маскав ҷойгир шуда, додгоҳи иқтисодиаш дар Минск ва ниҳодҳои назорати бонкии ин созмон, бо шумули Бонки АвруОсиё, дар Алма-Ато фаъолият доранд. Иттиҳод бо узвияти Арманистон ва Қирғизистон сафи аъзоёни худро афзун намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *