Иттифоқҳои касаба: Бетараф ё ҳомии коргарон?

Замони побарҷо будани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Иттифоқҳои касаба  дар ниҳодҳою муассисаҳои давлатӣ хеле маъруфият дошта, ҳамчун созмони оммавӣ дар пешбурди самараноки меҳнат ва дифоъ аз ҳаққу ҳуқуқҳои коргарон саҳму нақши муҳим доштанд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, иттифоқҳои касаба низ то ҷое пош хӯрданду салоҳияту вазифаҳои худро дигаргун карданд.

Санҷиш  дар Хадамоти гумрук

Бо касби соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон таъсису ташкил ёфта, то ҷое вазифаҳои собиқ иттифоқи касабаи онвақтаро қисман ба ҷо оварда истодааст. Бале, қисман, на комилу пурра. Имрӯз  ба мушоҳида мерасад, коргаре, ки узви иттифоқҳои касаба асту мувоҷеҳ ба ноадолатӣ дар коргоҳ мегардад, на ба иттифоқи касаба, балки мустақиман ба суду прокуратура ва ё ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар муроҷиат мекунанд. Ба андешаи коргароне, ки мувоҷеҳ ба мушкилот дар коргоҳ гаштаанд, дар шароити кунунӣ иттифоқҳои касаба салоҳияту қудрату тавони ҳал кардани мушкилоти онҳоро надоранд.

Тавре ҳамагон шоҳидем, чанде пеш 36 нафар аз кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, бинобар нагузаштан аз санҷиш барканор шуданд ва коргарони ихроҷшуда иддао доранд, ки санҷиш ғайришаффоф гузашта, нисбат ба онҳо ноадолатӣ сурат гирифтааст ва ҷиҳати барқарории адолати иҷтимоӣ  ба суд муроҷиат кардаанд. Ростӣ, бароям норӯшан аст, ки дар ниҳоди мазкур ҳамчун иттифоқи касаба ниҳоде ҳаст, ки қабл аз расидани шикояти кормандон ба суд, худ мустақилона ҳамчун ҳомии ҳуқуқ аз манофеи ин кормандон дифоъ кунад?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, махсус таъкид карда буданд, ки “Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад”.  Пас, дилхоҳ корманд, новобаста аз он ки ӯ узви иттифоқи касаба ҳаст ё не, ҳуқуқ дорад ба Федератсияи иттифоқҳои касаба муроҷиат кунад?!

Нусхабардорӣ ё худнамоишдиҳӣ?

Набояд фаромӯш кард, ки дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рӯшану возеҳ омадааст, ки: «Иттифоқҳои касаба кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд». Хуб, агар рӯшану возеҳ иқрор шавем, пас кӣ чунин муқаррароти қонунии Оинномаи Федаратсияи иттифоқҳои касаба ва амалӣ гаштани онро дар корхонаҳо мушоҳида кардааст? Фикр мекунам, ҳеҷ кас! Муқаррароти мазкур нусхабардорӣ аз овони шӯравист, ки ҷиҳати худнамоишдиҳӣ танҳо рӯи коғаз асту бас. Аммо  кормандони дилхоҳ ташкилоту муассиса узви комилҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаанд ва ҳар моҳ аъзоҳаққӣ месупоранд.

Чизи дигар он аст, ки дар аксар аз мавридҳо кормандон аснои иҷрои вазифа маҷруҳ ва осеб мебинанд, ҳатто дар баъзе мавридҳо ба ҳалокат мерасанд. Намедонам иллат дар надонистани оинномаи иттифоқҳои касаба аст ва ё чизи дигар, ки дар чунин ҳолат дар баъзе аз ташкилотҳо ба кормандон ҷубронпулӣ ҷудо намегардад ва худи коргарон иқдом ба даст гирифта, кумаке ба оилаи зарардида мерасонанд.

Иттифоқҳои касаба ба чӣ қодиранд?

Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки “Сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат боқӣ мондааст”. Дар аксар мавридҳо омӯзгорон то се моҳ музди меҳнати худро имкони дастрас кардан надоранд. Чунин аҳволро на иттифоқҳои касаба мавриди ҳал қарор медиҳанду на сарварони мактабҳо. Бале, ҷиҳати таъмини меҳнати арзанда ва маоши муносиб иттифоқҳои касабаро мебояд дар ҳалли қарздории музди меҳнат мусоидат кунанд, аммо намедонам чӣ омил аст, ки татбиқу амалӣ гаштани ин нуктаи муҳимро иттифоқҳои касаба ба гӯшаи хаёл ҳам намеоваранд.

Тавре маълум, қаблан барои тамоми хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ истироҳати ройгон ҷорӣ буд, ки дар ин кор иттифоқҳои касаба масъул буданд. Аммо тавре имрӯз ба мушоҳида мерасад, бинобар мушкилоти молиявӣ чунин имконоту шароит аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ танҳо барои ятимону бепарасторон фароҳам оварда шудааст ва барои ин теъдод 55 истироҳатгоҳҳо дар дохили кишвар фаъолият доранд. Мутаассифона, имрӯз он истироҳатгоҳҳое, ки аз замони шӯравӣ мерос монда буданд ё аз фаъолият бозмондаанд ва ё ҷавобгӯи талаботи имрӯза нестанд. Ҷиҳати ба танзим даровардани истироҳатгоҳҳои мазкур Сарвари давлат дастур доданд, то дар робита ба ин  гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

Бетарафии иттифоқҳои касаба

Дигар масъалаи ҳалталабе, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд, ин бетарафии иттифоқҳои касаба нисбат ба болоравии нархи маҳсулот аст, дар ҳоле ки қонунгузории кишвар чунин салоҳиятҳоро ба иттифоқҳои касаба раво донистааст.  Мутаассифона, нархи маҳсулот бо фарорасии ҳар гуна ҷашну идҳои миллӣ ба маротиб боло меравад, аммо чунин аҳвол касеро ба ҷуз мардуми одӣ нороҳат намесозад. Ҳарчанд роҷеъ ба ин масъалаи доғи рӯз Сарвари давлат борҳо дар мулоқот бо ниҳодҳои давлатӣ мавзӯи мазкурро матраҳ кардаву ҳалли онро дар кӯтоҳтарин муҳлат аз масъулин талаб карда бошанд ҳам, аммо аз фаъолияти бозорҳои пойтахт маълум мегардад, ки масъулини бозорҳо худ шоҳанду табъашон вазир.

Дар кишварҳои пешрафта ҷалби фаъоли сармоя дар танзиму фаъолгардонии ташкилотҳои суғуртавӣ муассир ба чашм мерасад, аммо дар Тоҷикистон тавре Пешвои миллат изҳори нороҳатӣ карданд, “Соли 2018 аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дороии ташкилотҳои суғуртавӣ 0,54 фоиз, уҳдадориҳо — 0,28 ва сармояи оинномавии онҳо 0,17 фоизро ташкил додааст, ки ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ташкилотҳои суғуртавӣ дар рушди иқтисоди кишвар саҳми назаррас надоранд”. Воқеан ҳам, набудани механизми танзими иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ омили чунин мушкилот гаштааст.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти иттифоқҳои касабаи кишвар ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад ва он модули пешбурди кор, ки аз соли 1990 боқӣ мондааст,  наметавонад дар сохтори иттифоқҳои касаба навгонӣ ворид созад.

Моро лозим аст, то ҳамқадам бо замонаи пешрафту навгониҳо бошем ва дар навбати худ иттифоқҳои касабаи ташкилоту муассисаҳоро низ зарур аст, то фаъолияти худро ҷиҳати рушди афзалиятноки ҳуқуқҳои инсонӣ дар пешбурди кор рӯи даст гиранд.

Ҷиҳати ноил шудан ба пешрафтҳо дар ин самт пешниҳоди Сарвари давлат роҷеъ ба таҳия ва пешниҳоди Ҳукумати мамлакат кардани лоиҳаи “Барномаи амали иттифоқҳои касаба барои солҳои 2020-2027 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” айни муддаост.  Дар он сурат иттифоқҳои касаба ҳамчун фишанги танзим дар фаъолияти кормандон метавонад нақш бозад.

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *