«Ивермектин» дар 48 соат вусъати коронавирусро манъ кунад

Олимони австралиягӣ доруеро бо номи «Ивермектин» кашф кардаанд, ки интиқоли коронавирусро тавассути қатраи ҳавоӣ бозмедорад. Гуфта мешавад, ки доруи мазкур қодир аст дар давоми 48 соат вусъати коронавирусро манъ кунад.

Тибқи иттилои ВАО олимони мазкур таъсири «Ивермектин» — ро ба ҳуҷайраи заҳролудшуда аз коронавирус омӯхтаанд ва муайян шудааст, ки як дозаи ин дору қодир аст дар давоми як шабонарӯз 93 дарсади вирусро нест карда дар давоми 48 сат онро пурра нобуд созад. Ва гуфта мешавад, ки доруи мазкур, яъне «Ивермектин» ба нестшавии пурраи вирус боис мегардид.

Дар баробари ин қайд карда мешавад, ки «Ивермектин»  бехатар буда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ намерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *