“Ҷияни Салимзода” дастгир шуд
Ду корманди гузаргоҳи марзии Патар дар марзи Конибодом бо вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, капитан бо номи Аҳлиддин, ки худро «ҷияни генерал Шерхон Салимзода” муаррифӣ мекард, ҳамроҳи прапоршик Самадов аз ду шаҳрванди Русия, ки бо мошинашон тариқи транзит аз қаламрави Тоҷикистон мегузаштанд, 10 ҳазор рубл (ҳудуди 160 доллар) гирифтаанд.Капитан бо номи Аҳлиддин ва прапоршик Самадов рӯзи 24 июл дастгир шудаанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, шаҳрвандони Русия Г.Р. ва К.С. бори худро дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон холӣ карда, мехостанд тавассути Тоҷикистон, ки роҳаш кӯтоҳтар аст, ба Русия баргарданд.
Аммо дар гузаргоҳи марзии «Патар” дар марзи Конибодом бо вилояти Фарғона ин капитану прапоршик аз Г.Р. ва К.С. барои вуруди мошинашон ба қаламрави Тоҷикистон 10 ҳазор рубл, муодили 160 доллар пора талаб кардаанд. Онҳо то даме ки ин пулро нагирифтанд, ду ронандаи русро 10 соат дар зери офтоби гарм бе обу хӯрок нигоҳ доштаанд.
Баъде ки яке аз дӯстони Г.Р. 10 ҳазор рубл овард, ки онҳоро аз ин «асорат” халос кунад, Г.Р. бо ин пул ба гузаргоҳ пеши Аҳлиддин ва Самадов даромад, ки пулро бидиҳад. Аммо дар ин муддат ронандагони рус ва дӯстони онҳо прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғдро ҳам дар ҷараён гузошта будаанд ва капитану прапоршик ҳангоми гирифтани пул дастгир шуданд.
Ба гуфтаи манобеи огоҳ, сардори гузаргоҳ низ пиромуни то куҷо хабар доштан ё надоштанаш аз пулкании кормандонаш бозҷӯӣ мешавад. Капитан Аҳлиддин ва прапоршик Самадов дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор доранд.
“Ахбор”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ