Изҳори қаноатмандӣ аз ҷалби гурезаҳои афғон ба таҳсил дар вохӯрии Ҷӯразода бо Ҷаберли
28-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндаи бахши муҳоҷират, ҳолатҳои фавқулодда ва маорифи ЮНЕСКО Хода Ҷаберли баргузор гардид, ки дар он масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, муовини якуми вазир Ҷ. Ҷӯразода бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирии ҳамешагии ЮНЕСКО дар амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои рушди маорифи кишвар сипосгузор буда, минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамкориҳо чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар қатори дигар масъалаҳои баррасишаванда мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифтааст, ҷалби гурезагони афғон ба таҳсил мебошад. Таъкид гардидааст, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои ба зимма дошта ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар тамоми зинаҳои таҳсилот тадбирҳои судмандро андешида истодааст.
— Намояндаи бахши муҳоҷират, ҳолатҳои фавқулодда ва маорифи ЮНЕСКО Хода Ҷаберли низ аз корҳои анҷомдодаи Вазорати маориф ва илм дар самти фарогирии шаҳрвандони Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон, зикр кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Дафтари ЮНИСКО омода аст кумаки техникии худро расонад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ