Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Дар он аз ҷумла омадааст: «Дар робита ба даргузашти бармаҳали бародаратон Булат Назарбоев таъзияву таслияти амиқи маро қабул фармоед.

Дар ин лаҳзаҳои  барои Шумо ғамангез  ба Шумо ва пайвандонатон ҳамдардӣ ва дастгирии инҷонибро иброз менамоям. Бо изҳори ғамшарикӣ дар ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон сабри ҷамил ва шикебоӣ хоҳонам».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *