Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия Владимир Путин дар пайи ҳамлаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбент барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Дар барқия омадааст:

-Мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем.

Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад, ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Русияи дӯст таслияти амиқу ҳамдардии самимӣ изҳор менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *