Изҳори тасаллияти Вазорати фарҳанг ба пайвандони Аловуддин Абдуллозода
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллозода изҳори андуҳ намуд ва ба аҳли хонадон, хешону пайвандон, дӯстону наздикон ва мухлисони ҳунари марҳум сабри ҷамил хост.
Бояд гуфт, ки ҳунарпешаи кино ва театр Аловуддин Абдуллозода 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шуда, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1989 хатм намудааст. Фаъолияи ҳунарии хешро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Бохтар ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон оғоз намуда, роҳбарии театрро низ ба уҳда дошт.
Солҳои охир ба ҳайси сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Марҳум дар намоишҳои “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Бозиҳои манфиатҷӯёна”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Лаку Пак”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Найрангҳои Скапен”, “Масал бигӯ, Эзот” нақшҳои марказиро бозидааст.
Дар филмҳои “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Шоҳид”, “Интихоби ман”, “Фарзанди бегона”, “Қарзи виҷдон” ва ғайраҳо нақшҳои хотирмону диданӣ офаридааст.
Дар барномаи телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” бо офаридани нақшҳои ҳаҷвии хеш писанди хосу ом гаштааст.
Дорандаи ҷоизаҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2013) мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ