Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба вазъи Исроилу Фаластин
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъ дар Исроил ва Фаластин хостори хотима додани хушунатҳо шуд.
Вазорат бо нашри як изҳорот гуфт, ки муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта ва тахриб шудани миқдори зиёди иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ гашт, нигаронии амиқро дар Тоҷикистон ба бор овард.
«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани хушунатҳо ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд», — омадааст 8 октябр дар изҳороти вазорат.
Ёдовар мешавем, ки 7-уми октябр гурӯҳи фаластинии «Ҳамос» ба ҷануби Исроил ҳамла кард. Ҳоло ҳам даргирии ду ҷониб идома дорад.
Артиши Исроил теъдоди кушташудаҳоро дар ҳамлаҳои «Ҳамос» 700 нафар ва захмиёнро 2150 нафар эълон кард. Ҷангҷӯёни фаластинӣ низ ба сӯи Исроил ҳудуди 3300 мушак партоб кардаанд.
Дар ҳамин ҳол «Ҳамос» инро беш аз 5000 мушак эълон кард.
Мақомоти Фаластин аз кушта шудани 413 нафар аз навори Ғазза ва захмӣ шудани 2300 нафар дар ҳамлаҳои ҷавобии Исроил хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Таъкид ҳам кард, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи сарбозон дастур додааст.
Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ