Изҳори ҳамдардии Ҳабиб Нурмагамедов ба наздикони мухлиси тоҷикаш

Варзишгари маъруф Ҳабиб Нурмагомедов дар саҳифааш дар Инстаграм аз марги фоҷиавии як содиқтарин мухлиси тоҷикаш изҳори андӯҳ кардааст. Шоҳин Қурбонов, ки ҳамагӣ 24 сол дошт, шаби 24 сентябр бар асари бархӯрди ду мошин дар рӯбарӯи боғи Айнӣ ба ҳалокат расид.

Ҳабиб Нурмагомедов, варзишгари шинохтаи доғистонитабори Русия ва қаҳрамони ҷаҳон дар варзиши ММА дар саҳифааш дар Фейсбук аз марги фоҷиавии яке аз ашаддитарин мухлисонаш – Шоҳин Қурбонов – хабар дод.

Ҳабиб Нурмагомедов Шоҳин Қурбоновро «як инсони хеле боз ва самимӣ” ба қалам дода, навишт, ки ба ҳама пайвандони ин мухлиси вафодораш изҳори ҳамдардӣ мекунад: «Аллоҳи бузург мағфиратат кунад, ту як инсони хеле боз ва самимӣ будӣ. Ба ҳамаи пайвандон ва наздикон изҳори ҳамдардӣ мекунам. Марг ҳақ аст, Алҳамидилуллоҳ.”

Пусть Всевышний Аллах простит твои грехи Брат, ты был очень открытым и искренним человеком.

Соболезную всем родным и близким.
Смерть — это истинна Альхамдулиллах.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки «24-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 01:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс”, Қурбонов Шоҳин Абдузоирович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар рӯ ба рӯи боғи ба номи «С.Айнӣ”-и пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, таҳти идораи Яҳёев Зоҳир Камолович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс”, Қурбонов Ш.А. ва мусофири дохили автомашинаи мазкур Беҳбудов Соҳиб Собирович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Исми Шоҳин Қурбонов соли гузашта дар пайи дар Ютуб нашр шудани як видеои чигуна барои Ҳабиб Нурмагомедов мухлисӣ карданаш машҳур шуд. Дар видео дида мешуд, ки Шоҳин набарди Ҳабиб Нурмагомедовро тавассути телевизион тамошо дорад, вале чунон ғарқи бозист, ки гӯё дар толор дар канори он варзишгари шинохта бошад ва ҳар лаҳза ӯро раҳнамоӣ мекунад, ки чӣ гуна рафтор кунад, ба ҳарифаш чӣ гуна ҷавоб бидиҳад?

Ин видео шӯҳрати зиёде пайдо кард ва овозааш ба худи Ҳабиб Нурмагомедов ҳам расид. Қаҳрамони ҷаҳон дар як мусоҳибааш дар «Матч ТВ” ваъда дод, ки ҳар вақте ки ба Тоҷикистон биравад, ҳатман ин мухлиси ашаддӣ ва содиқашро пайдо ва аёдат хоҳад кард.

Моҳи июни соли равон, вақте Нурмагомедов ба Душанбе омад, ӯ дар ҳақиқат ба ин ваъдааш вафо кард ва суроғи мухлиси ашаддиаш Шоҳин Қурбоновро гирифт. Дар видеои кӯтоҳе ки аз мулоқоти онҳо нашр шудааст, дида мешавад, ки Шоҳин Қурбонов ҳеҷ бовараш намеояд, ки варзишгари дӯстдоштааш худ ба суроғи ӯ омадааст. Ӯ дар ҳоле ки Ҳабибро гарм дар оғӯш мекашид, мегуфт: «Ман ба чашмони худам бовар намекунам.”

Ва ҳоло бовари касе намеояд, ки ин ҷавони ин қадар пурхандаву пурэнержӣ ва ин қадар хушбин ба зиндагӣ дар синни ҳамагӣ 24 ба зиндагӣ падруд гуфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *