Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Президенти ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли нома ба ҳамтои руси худ Владимир Путин, ҳалокати даҳҳо тан аз шаҳрвандони он кишвар дар пайи суқути як ҳавопаймо дар наздикҳои Маскавро ба ӯ ва мардуми Русия тасаллият гуфтааст.

Дар номаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст «дар робита ба ин талафоти вазнин бо шумо ғамшарик буда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон ҳамдардии самимии хешро изҳор менамоям.»

Рӯзи якшанбеи 11-уми феврал як ҳавопаймои мусофирбари Русия бо 71 сарнишинаш дар наздикиҳои Маскав суқут кард. Ба гуфтаи хабаргузориҳои Русия ҳавопаймои Ан-148 мутаалиқ ба ширкати Саратов Эйрлайнз, баъди парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав дар деҳаи Аргуново дар Подмосковйе суқут кардааст.

Ҳавопаймо аз Маскав ба шаҳри Орск парвоз мекардааст. Хабаргузории «Интерфакс» аз қавли манобеи худ дар идораҳои имдодии Русия навишт, ки “ҳавопаймо дар наздикии деҳаи Аргуново, 80 — километрии шаҳри Маскав суқут кардааст.” Ба навиштаи хабаргузориҳо ҳеҷ касе аз сарнишинон зинда намондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *