Изҳороти Манижаи Давлат: Ин ҳама сол зиндагӣ надоштам…

Манижаи Давлат, сарояндаи овозадори тоҷик, ки солҳост саҳнаро тарк карда, бознишаста аст, дар заминаи як баҳс дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз корбарон хостааст ӯро ба ҳолаш гузоранд ва аз навиштани ҳарфҳои носазо парҳез намуда, ба зиндагиаш халал нарасонанд. Ин изҳороти Манижа ба онҳое дахл дорад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ «дарси Ислом меомӯзанд».

Ин баҳс замоне сар зад, ки Манижа дар саҳфаи Фейсбукаш як қиссаи рӯҳонӣ ва воъизи эронӣ шайх Пурдилро дар мавриди паёми пайёмбари Ислом Муҳаммад (с) ба ҳазрати Алӣ замони фатҳи Хайбар гузошт. Дар он паём омадааст, ки Паёмбар фармуда қабл аз ин ки ворид бишавед, садо бизанед, шояд мардум мусалмон бишаванд, агар нашуданд, мувозиб бошед, то пирон, кӯдакон, занҳо ва онҳое, ки дар ибодатгоҳ ҳастанд, чи масеҳӣ, чи яҳудӣ накушед. Кишоварзон ва маҳсули меҳнати онҳоро нобуд насозед, танҳо бо онҳое даргир шавед, ки шамшер гирифта, ба шумо ҳамла мекунанд.

Манижаи Давлат бо овардани ин қисса гуфтааст, ки Ислом дини адолату раҳмату бахшиш аст, на дини таҳқиру дашном: “Бӯи хун аз мусалмон намеояд, Ислом парчами сафед аст, бӯи гул аз мусалмон меояд. Хушбутарин гул гули Муҳаммадист ва хуштарин ахлок ҳам ахлоқи Муҳаммадист. Магар мусалмон метавонад одамкуш бошад? Магар мусалмон метавонад ҳақорат бикунад? Ислом дини раҳм аст, дини меӯрубонӣ аст ва мусалмон бораҳмтарин фарди дунёст, ки бо гуфтору кирдори некаш мардумони оламро шефтаи худу динаш месозад ва ҳамеша эҳсону манфиаташ бар дигарон мерасад ва аз он ҳама кардаҳояш ҳеч тақозое надорад. На ин ки мусалмон фарде аст, ки дашному суханҳои қабеҳ бизанад, махсусан занҳоро. ЭЙ МАРДОН!”

Дар идомаи ин навишта манижаи Давлат ба онҳое, ки «пушти пардаи Ислом» ӯро таъна мезананд, муроҷиат карда гуфтааст, ки “аз шумо ягон хайре ба дигарон расида аст, ки имрӯз ин ҳамаро ба худатон иҷозат медиҳед? Ҳамин аст мусалмонии шумо? Ба чи ҳаққе таънаву дашном медиҳед? Ин ҳақро надоред!”

Ҳамчунин Манижа дар ин изҳороташ навиштааст, ки ӯ солҳо «азоби рӯҳӣ» дошт, аммо касе аз ӯро бародарвор ё хоҳарвор хоҳари мусалмонам гуфта дарашро накӯфт ва ҳолашро напурсид.

Манижа менависад:

“Агар нафаре ҳам аз барои Худо гуфта кумаке кард, баъдаш гулугирам шуд ва таънасорам кард, маълум шуд, ки ун кирдорҳо аз барои Худо набуда, балки аз барои нафси бадашон буд. Пас фарқ миёни шумову ғайри шумо дар чист?! Ман ин ҳама сол ҳар вазниние, ки сарам омад ба танҳоӣ паси сар кардам ва шукр, ки Аллоҳ бо ман буд, вагарна аз шумо таънае беш надидам… Хеле диламро шикастед ва ин шикастанҳо кумакам кард, то дар зиндагӣ мани худро пайдо кунам ва ақидаи худро дошта бошам дар бобати худшиносиву Худошиносиам. Чи саҳна бароям, чи не, ин қадар ин мавзӯъро бузург кардаед шумо, ҳамчун як фарди ин ҷомеа ҳақ дорам, ки кору фаъолият дошта бошам. Бе унам зиёда аз 11-сол таҳти фишорҳои равонӣ будам, бас аст! Хаста шудам. Ба умеди саҳна набаромадан аз зиндагии оддии худам низ мондам, ин ҳама сол зиндагӣ надоштам фақат вақтро барои худ танаффус медодам. Хоҳишан ба зиндагии ман халал нарасонед”.

Ин изҳороти Манижаи Давлат дар ҳолест, ки ӯ 11 сол боз саҳнаро тарк гуфтааст, аммо ҳанӯз ҳам мухлисонаш интизори саҳнабароии ӯянд ва матбуот ҳамеша дар мавриди ӯ овозаву тавтеа чоп мекунад.

Манижа дар идомаи изҳороташ менависад:

“Ман Алҳамдулиллоҳ, ки мусалмонам ва Худовандро Яккаву Ягона ва Офарандаи ҳар ончи ки рӯ ба ҳастӣ оварда аст, мешиносам ва Муҳаммад (с.а.в) ро расули Ӯ. Ба унвони як зан ман то имрӯз на ба шумо ва на ба касе ғайр аз шумо худамро нафурӯхтам ва Иншоллоҳ, ки нахоҳам фурӯхт. Ҳеч кас ҳақ надорад, на шумо ва на каси дигар маро таъна, туҳмат, ҳақорат ва ё маҳкум ба коре бикунад. Бародарони азиз, бозам бародаратон мегӯям хоҳарвор аз шумо хоҳиш мекунам забонатонро аз суханҳои қабех нигаҳ доред, аз дур нишаста мардуми худатонро махсусан занҳоро касе ҳам ки набошанд ин қадар ҳақорату маҳкум насозед! Агар он қадар бихоҳед, ки қарзи бандагии хеш ва салоҳияти динии хешро баҳри беҳбудии онҳо иҷро бикунед, хатоҳои онҳоро тавре бигӯед, ки ба онҳо таъсир бикунад ва агар қабул надоштанд:

Ба сияҳдил чи суд гуфтан вазъ,

Наравад мехи оханин аз санг…

Яъне, диле, ки мисли оҳани зангзада қабат ба қабат сиёҳ шуда бошад, бо ҳеч санге бо ҳеч сухане намеравад. Суханатонро ҳайф насозед ва дар пеши дигар мардумон бо дашном кардани хоҳару модари хеш фарҳанги диниву тоҷикии худро паст накунед, ин на ба Худову на ба бандагонаш хуш намеояд. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ ва боқӣ дар паноҳи Худованди якто бошед”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *