Ғизо ё заҳр? Муҳаммад» мизоҷонашро бо хӯроки зарарнок сер мекард
Суди шаҳри Хуҷанд ба бозбинии парвандаи ҷиноӣ алайҳи мудири ошхонаи маъруфи «Муҳаммад», ки мурғҳоро пар канда зинда, ба зинда дар равғани бирён меандохт, шурӯъ кардааст.
Файзулло Алимов, мудири ошхонаи «Муҳаммад» барои «истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад», аз рӯи моддаи 209 — и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбаташ парванда оғоз шудааст. Мурофиаи ин қазияи пурсарусадо 28 июн оғоз шуда, суд шоҳидонро бозпурсӣ кард.
Ғизои зарарнок
Мақоли маъмули “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро ёдовар шудан дар ин ҳодиса айни муддаост. Зеро дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки мудири ошхонаи ба забони мардуми минтақа “Мурғи ором” ба саломатии инсон зарарноку хатарнок будани маҳсулоти ғизоиро дидаю дониста омода карда, пешкаши мизоҷон мекардааст. Дар вақти суҳбат чанде аз мизоҷони доимии ошхонаи мазкур бо нигаронӣ гуфтанд:-Номи ошхонаро пайрави номи пайғамбар Муҳаммад (с.с) гузошту аз Худо натарсид, ки азизтарин чиз барои инсон-саломатии ӯро фикр накард? Оё ба қавле барои “намакчашак” худаш давоми ҳамин қадар сол як пора гӯшти бесифату пастсифати пухта ба мардум хӯронидаашро ба даҳон бурда бошад?… Ин гуна саволҳо аз мурофиаи судӣ сар карда, сари ҳар қадам ба гӯш мерасанд.
Ошхона дар куҷо буд?
Ин ошхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, канори роҳи мошингарди Хуҷанд – Мастчоҳ ҷойгир буда, мурғи бирёнаш харидорони зиёде дошт. Вале санҷиши вазъи беҳдоштии ин ошхона аз ҷониби мақомот ва ба гардиш даромадани наворҳое, ки он ҷо дар чӣ шароити бади беҳдоштӣ мурғонро пар мекананд, номи ин ошхонаро сари забонҳо ва мавриди танқиди сокинон кард. Яке аз ин сокинон, ки дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд кор мекунад ва нахост номаш дарҷ шавад, гуфт: “Ҳар гоҳ аз ҳар луқмаи аз он ошхона хӯрдаам фикр кунам, дилам беҷо мешавад. Наход одам ба ҳамин ҳад беинсофу бевиҷдон шавад, ки ба хотири пул шуда, луқмаи поки садҳо истеъмолкунандагонро ҳаром, саломатияшонро вайрон кунад. Аслан мақомот бояд маҷбур кунад, ки табобати ҳар нафари аз дасти маҳсулоти ғизоии ошхонаи “Муҳаммад” беморшударо пурра ба зимма гирад”.
Муҳаммадалӣ Пардазода, як масъул дар Суди вилояти Суғд гуфт, ки ташхиси заррабинӣ дар таркиби гӯшти мурғе, ки ошхонаи “Муҳаммад” — «дар шароити ғайрисанитарӣ» мепухт, ангезаҳои ба саломатии инсон хавфнокро ошкор кард. Аз ин лиҳоз нисбат ба роҳбари ин ошхона — Файзулло Алимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ҷарима ё паси панҷара?
Ин модда ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳои ҳадди ақал (1 нишондиҳанда — 50 сомонӣ) ё то ду сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва ба ҳамин муҳлат маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ мекунад. Дар замони тафтиши парванда, ошхонаи «Муҳаммад», ки миёни сокинон ба номи «Мурғи ором» маъруф аст, бо қарори мақомот баста шудааст.
47 нафар заҳролуд ва 5 кас фавтид
Алимов дар мавриди наворҳое, ки дар шабакаи ҷаҳонӣ ба гардиш даромад ва дар он мурғҳоро дар ошхонааш гӯё зинда ба зинда дар оби ҷӯш андохта, баъд пар мекананд, ба чанде аз хабарнигорон гуфтааст, зинда ба равғани бирён андохтани мурғон воқеият надорад: «Мо ҳама фарзанди муъмину мусалмонем, чӣ хел мурғро накушта, дар оби ҷӯш меандозем? Аввал онро гардан зада, ҳалол мекунем, баъд ба дастгоҳи пару болканӣ меандозем. Вақти ҳалол кардан сару пойҳояшро бурида, аз тан ҷудо намекунем. Баъди пар кардан, онҳоро бурида ҷудо мекунем. Вале аз як навор, ки гӯё мо мурғҳоро накуштаву зинда ба деги оби ҷӯшон меандозем, ошхонаи моро бадном карданд.»
Ба гуфтаи мақомоти маркази беҳдошти Суғд, дар ин ошхона ба хотири фоидаи бештар ба даст овардан “роҳи осон” – и паркании мурғҳоро ба роҳ монданд ва ба ин тартиб, аз паркании ҳар мурғ, ки аслан 50 дирам аст, 15 дирам фоида медиданд .
Бино ба маълумоти расмӣ, дар муддати як солу 4 моҳи ахир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба маблағи 3.3 миллион сомонӣ маҳсулоти пастсифат, ки бахши асосии он маводи ғизоӣ мебошад, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Дар ин давра 47 сокини вилояти Суғд аз истеъмоли хӯроки пастсифат заҳролуд гардида, 5 нафар ба ҳалокат расиданд.
«Мурғи ором» танҳо гунаҳкор нест
Дар шароити ғайрисанитарӣ пухтани хӯрок ва аз гӯшти пастсифат истифода бурдан ошхонаи “Муҳаммад” танҳо набудааст. Бино ба иттилои додситонӣ, ҳамчунин дар тӯли камтар аз 1,5 соли охир нисбат ба роҳбарони тарабхонаи «Фирдавс» (маъруф ба «Белий дом»), мантухонаи «Насиба» ва «Сим-Сим» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомот гуфтанд, ин ошхонаҳо низ «ғизоҳоро аз гӯшти бесифат ва дар шароити бади санитарӣ омода мекарданд». Ин иттилоъ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд, ки ахиран дар додситонии вилоятӣ баргузор шуд, садо дод.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ