Ғизои модару кӯдаки тоҷикистонӣ беҳбудӣ мехоҳад
Вазъи саломатии инсон дар ҳар ҷомеа ба ғизои хуб вобаста аст. Камғизоӣ ва норасоии витамину минералҳои зарурӣ дар хӯрокворӣ пайомадҳои ногувор дошта, боиси камхунию камвазнӣ, бемадорию нотавонӣ, ақибмонии рушди ақлонию ҷисмонӣ, инчунин фавти беш аз 7500 кӯдаки тоҷикистонӣ дар як сол мешавад. Барои ҳалли ин мушкилот ғанигардонии ғизо ё илова кардани микроэлементҳои ҳаётан муҳим ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ воситаи бехатар ва самарабахши беҳсозии вазъи сиҳатии ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Аҳамияти 1000 рӯзи аввали умр
Норасоии витамину минералҳои зарурӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои сину солашон гуногун таъсир мерасонад, аммо кӯдакон ва занони қобили таваллуд аз ҳама бештар осебпазир мебошанд. Аз сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ онҳо аз тамоми имконоту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, модар, коргар ва шаҳрванд комилан бархурдор шуда наметавонанд. Равзанаи имконият барои беҳсозии ғизо хурд аст – аз лаҳзаи дар батни модар пайдо шудани ҷанин то синни 2-солагии тифл, ки ин давраи ҳаёти кӯдакро 1000 рӯзи тиллоӣ низ меноманд. Дар сурати нокифоятии ғизои солим, зарар ба рушди ҷисмонӣ ва ташаккули мағзи сар, ки дар ҳамин марҳила рух медиҳад, ҷиддӣ ва дар аксар ҳолат якумрию бебозгашт аст.
Шири модар – сарчашмаи ҳаёт
Шири модари солим дорои витамину минералҳои ҳаётан муҳим мебошад, ки қувваи муҳофизатии бадани кӯдакро беҳтар намуда, ӯро аз гирифторӣ ба бемориҳои гуногун муҳофизат мекунад. Дар робита Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ чунин гуфт: «Шири модар “иммунизатсия”-и аввалин барои тифл аст. Яъне ҳамон фаллае, ки дар рӯзҳои аввали ширдиҳии модар меояд, дар муддати 3-4 моҳ кӯдакро аз тамоми бемориҳои сироятӣ эмин медорад. Аз рӯйи қоида, шири модар барои таъмини тифл бо тамоми витамину минералҳои зарурӣ дар 6 моҳи аввал 100 дарсад басанда аст. Баъд аз 6-моҳагӣ ба кӯдак ғизои иловагӣ – сабзӣ, карам, лаблабу ё картошкаи кӯфташуда (пюре) метавон дод. Кӯдаконе, ки то 2-солагӣ пайваста шири модар истеъмол мекунанд, бамаротиб камтар гирифтори бемориҳо мешаванд».
Дар навбати худ момодоя Зебуниссо Малаева мегӯяд: «Табиат шири модарро чунон офаридааст, ки дар тӯли 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак талаботи ӯро пурра қонеъ гардонида метавонад. Таркиби шири модар аз витамину минералҳо, сафеда, чарбу, имуноглабулин ва карбогидратҳо бой буда, беш аз 87 дарсадашро об ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, то шашмоҳагӣ ба кӯдакон додани об зарурат надорад».
Ба қавли табибон, аксаран камаҳамиятии модарон дар марҳилаи то таваллуд ва ё баъд аз он боиси носолимии кӯдакон мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 дарсади модарон шири худро то шашмоҳагӣ ба фарзандон медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки мутахассисон додани шири сунъиро ба кӯдакон тавсия намедиҳанд.
Занони ҳомила бояд чӣ хӯранд?
Ҳомиладорӣ барои занон давраи ҳассос аст, зеро дар организми онҳо як қатор дигаргуниҳо ба вуҷуд меояд. Баъзан дилбеҳузурӣ ва камиштиҳоии бонувон нишонаҳои давраи аввали пайдоиши ҷанин дар батни онҳост, ки дар натиҷа имкони истеъмоли ғизои лозимиро надоранд. Аз ин рӯ, табибон баъд аз муоина барои таъмини занони ҳомила бо микроэлементҳои ғизоӣ, ба онҳо истеъмоли ҳабҳоеро тавсия медиҳанд, ки дар таркибашон оҳан, туршии фолат ва дигар витамину минералҳои зарурӣ доранд.
Дар давраи ҳомиладорӣ истеъмоли маҳсулоти серғизои гӯштию ширӣ, меваю сабзавот, инчунин афшураҳо фоидаовар аст.
Пайомадҳои ғизои нокифоя
Бино ба натиҷаҳои Пажӯҳиши миллии ғизо дар Тоҷикистон, ки соли 2016 гузаронида шудааст, занону кӯдакони зиёд аз норасоии микроэлементҳои ҳаётан муҳим азият мекашанд. Ин боиси камхунӣ, камвазнӣ, қадпастӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои гуногун мешавад.
Тибқи пажуҳиши Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) «Беҳсозии натиҷаҳои иқтисодӣ тавассути густариши барномаҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки соли 2012 интишор шудааст, камғизоӣ яке аз мушкилоти нигаронкунандаи низоми тандурустии кишвар боқӣ монда, сабаби фавти модарону кӯдакон аз бемориҳои пешгиришаванда ва ақибмонии духтарону писарон аз ташаккули ҷисмонию ақлонӣ мегардад. Ғизои номукаммал сабабгори 35 дарсади фавти кӯдакони то панҷсолаи тоҷикистонӣ шуда, ҳамасола беш аз 7500 тифли ҳамин синну солро аз байн мебарад.
Дар Тоҷикистон шуморе аз занону кӯдакон аз сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, аз қабили оҳан, йод ва туршии фолат ба бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва чурраи ҳароммағз (Спина бифида) гирифтор шудаанд. Айни ҳол дар кишвар беш аз 26000 кӯдаки дорои маъюбият ба қайд гирифта шудааст, ки наздик ба 5000 нафари онҳо дорои нуқсонҳои модарзодӣ мебошанд.
Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар организми занони ҳомила сабаби маъюбияти шуморе аз кӯдакон шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ҳамасола дар кишвар наздик ба 250 навзоди мубталои чурраи ҳароммағз (Спина бифида) таваллуд мешавад, ки сабаби ин нуқсони модарзодӣ норасоии туршии фолат дар ҷисми занон мебошад.
Аҳамияти ғанигардонии ғизо
Аз рӯйи натоиҷи таҳлили хароҷоту манфиати ғанигардонии маҳсулоти озуқа дар Тоҷикистон, ки соли 2016 гузаронида шудааст, вазъи ногувори ғизоӣ барои кишвар пайомадҳои манфии дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоӣ дошта метавонад. Зимнан муайян шудааст, ки ғанигардонии ғизо бо хароҷоти нисбатан кам имкони ба даст овардани даромади зиёдро фароҳам меорад.
Аз ин бармеояд, ки вақте аҳолии кишвар, хусусан, модарону кӯдакон миқдори зарурии витамину минералҳоро аз навъҳои мавҷудаи хӯрокворӣ дастрас карда наметавонанд, ғанигардонии ғизо бо микроэлементҳои барои саломатӣ муфид роҳи ҳалли ин мушкилот аст.
Муаллифон: Зебуниссо Рустамова, Маҳинаи Давлат, Рафаэл Гулов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ