Ғизои солим ҷомеаи солим

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Атлас” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи  “Ғизои солим- ҷомеаи солим” баргузор гардид,  ки дар он намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ВАО иштирок доштанд. Семинарро Мутриба Латипова гардонандаи семинар   оғоз намуд. Дар семинар оид ба паҳлуҳои ғизои солими кӯдакону модарон дар Тоҷикистон, ҳазор рӯзи аввал ва  синамаконӣ, норасогии йод, фалати турш, камхунӣ ва оқибатҳои он, ҳамчунин бемориҳои тавассути об гузаранда, риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ  гуфта гузаштанд.

Абдусалом Воҳидов, профессор, муовини директор оид ба корҳои илмӣ, ҷарроҳи кӯдакона дар бораи оқибатҳои норасогии йод, фалати турш ва камхунӣ сухан карда, таъкид намуд, ки бояд мардуми мо барои бо йод таъмин кардани организмашон бепарво набошанд. Асос ин ки аз намакҳои йодноккардашуда истифода баранд ва худро аз бемории ҷоғар нигаҳ доранд.

Дар бораи  синамаконӣ ва манфиатҳои он, тарзи дурусти ғизодиҳии кӯдакони баъди шашмоҳа, зиёни пистонак ва шиша  (соска и бутылка) сухан ронда, даъват намуда, ки доир ба ин масъала дар байни ҷомеа тарғибу ташвиқ гузаронида, роҳҳои  кам кардани бемориҳои сироятиро  дар байни кӯдакон гирем.

Оиди мавзӯъҳои матраҳшуда дар семинар дар шумораи навбатии  ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр хоҳем кард.

Маҳинаи Давлат 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *