Иззат Амон дар Душанбе дастгир ва ҳабс шуд
Иззат Амон дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Тавре ВКД хабар додааст, Иззат Амон, дар Душанбе дастгир ва ҳабс карда шуд. Ба иттилои манбаъ, ӯ пас аз оне, ки аз Русия ихроҷ шудааст, дар Тоҷикистон дастгир ва ҳабс гардидааст.
«Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори суди ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз Русия ронда шуд»,- менависад ВКД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ӯ дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
«Иззат Амон қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт», — тавзеҳ медиҳад боздошти вайро ВКД..
ВКД дирӯз низ аз гумонбар дониста шудани Иззат Амон дар қаллобӣ гузориш дода буд.
Мақомоти Русия бошанд, аз фаъолияти ғайриқонунии вай гузориш дода буданд.Чунончи, суди шаҳри Маскав дар пасманзари хабарҳо дар бораи нопадид шудани Иззат Амон бархе тафсилоти як парвандаи маъмурӣ алайҳи ӯро нашр кард.
Бар асоси додаҳои Додгоҳи Маскав алайҳи Холов Изатулло Амонович, тибқи моддаи 18.10, қисми 2 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия парванда боз шуда, нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.Моддаи мазкур дар бораи фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия мебошад, ки патент ё иҷозатномаи кор надоранд.
Маскав тафсилоти муҷозоти Иззат Амонро нагуфтааст, аммо банде, ки аз рӯи он нисбаташ ҷазо татбиқ гардидааст, ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бошад, дар идомаи гузоришаш менависад, ки «Холов И.А. дар Русия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст».
«Онҳое, ки дучори қаллобии Холов И.А. гардидаанд, хоҳиш менамоем ба телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21 занг зананд», — хоҳиш кардааст Вазорати кордҳои дохилӣ.
Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин наворе нашр гардид, ки дар он Иззат Амон мегӯяд, соли 1996 шаҳрвандии Русияро гирифта, соли 2000-ум барои кору иқомат ба ин кишвар кӯчидааст. Ӯ мегӯяд, Академияи дипломатии Русияро соли 2009 бо дипломи сурх хатм намуда, дар Академияи хизмати давлатии назди дастгоҳи раисиҷумҳури Русия соли 2013-ум унвони номзадии илми ҳуқуқро ҳимоя кардааст.
Иззат Амон дар ин навор изҳор медорад, чанд рӯз қабл огоҳӣ ёфт, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияашро бекор кардаанд.
Ӯ аз роҳбарияти Русия хостааст, ки барои барқарор кардани шаҳрвандияш ва бозгардонданаш ба Русия ба ӯ кумак намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ