Иззат Амон ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро ҳимоя мекунад
Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он фаъоли тоҷик Иззат Амон ба ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик бо афсарони пулиси Маскав вориди баҳси тезу тунд мешавад. Иззат Амон афсарони пулисро айбдор кард, ки ҳуқуқи муҳоҷирони бечораро бешармона поймол мекунанд.
Дар видеое, ки Иззат Амон, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 2 август нашр кардааст, баҳси тезутунди ӯ бо афсарони пулис ба ҳимоят аз ҳудуди 20 муҳоҷири тоҷик сабт шудааст.
Иззат Амон вақте дар додгоҳ зоҳир шуд, як афсари пулис муҳоҷирони боздоштшударо маҷбур мекард, протоколҳои тартибдодашуда нохонда имзо кунанд.
Иззат Амон ин корманди пулисро ҳушдор дод, ки амалаш ғайриқонунист. Пулис ибтидо исрор кард, ки ягон кори ғайриқонунӣ накардааст. Вақте Иззат Амон пурсид, ки оё ба ин муҳоҷирон пеш аз имзои протоколҳо фаҳмондаанд, ки онҳо ҳақи гирифтани тарҷумон ва адвокат доранд?, ду корманди пулис сухани якдигарро бурида, иддао карданд, ки бале, фаҳмондаанд.
Вале Иззат Амон баргашту аз муҳоҷирони боздоштшуда айни суолро кард, ки оё ба шумо ҳуқуқатонро фаҳмонданд? Гуфтанд, ки шумо метавонед адвокат ва тарҷумон бигиред? Касе аз боздоштшудаҳо инро тасдиқ накард.
Яке аз онҳо ҳатто гуфт, ки ба онҳо баракс ҳушдор додаанд, ки агар гиранду протоколҳоро бихонанд ва ҳуқуқталабӣ кунанд, ягон шанс надоранд. Манзур ба ҷуз аз депортатсия.
Афсарони пулис, ки чунин ранг гирифтани корро интизор надоштанд, ба Иззат Амон часпиданд, ки ҳаққи сабти онҳо дар видеокамераро надорад. Фаъоли тоҷик гуфт, ин ҳақро дорад ва корманди масъули давлатиро ҳангоми иҷрои вазифааш сабт карда истодааст. Корманди пулис ишора ба тарафи раҳбараш кард, ки ӯ медонад. Вале вақте Иззат Амон ба раҳбари пулисҳо муроҷиат кард, ӯ каме забон хоиду чизе гуфта натавонист ва зуд аз пеши камера дур шуд.
Иззат Амон рӯзи 3 август ба сомонаи «Ахбор” гуфт, дар ниҳоят ба ӯ муяссар шудааст, аз 20 нафар 7 муҳоҷиреро, ки сабти ном доштанд ва ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд, раҳо кунад: «13 нафари дигарро судя ба далели сабти ном надоштан депорт кард. Вале ҳоло аз ҳукми додгоҳи Чертаново шикоят навиштаем ва то охир мезанем, ки онҳо ҳам озод шаванд.”
Бознашр аз akhbor.com
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ