Иззат Амон ва қазияи он

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дирӯз эълон кард, ки ба зидди Иззат Амон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Вазорат рӯзи 26-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки Изатулло Холов аз Бобоҷон Шарипов, як шаҳрванди Тоҷикистон бо ваъдаи раҳо кардани бародараш аз зиндоне дар Русия 40 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоӣ гирифта ва “ягон корро анҷом надодааст ва маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.” Барои ҳамин гуфтааст, вазорат ӯ дар ҷустуҷуи расмӣ қарор дорад.
Қаблан маъмурони пулиси Маскав, рӯзи 25-уми март Иззат Амонро бо худ «бурданд» ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия аз сарнавишти ӯ изҳори бехабарӣ карданд. Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон дар Маскав буд.
Дар баёния, ки нашр шуд, омадааст, ки Иззат Амон дар ҷустуҷу қарор дорад, вале доир ба дархости истирдод аз Русия чизе нагуфтаанд.
Иззат Амон дар як суҳбати видеоӣ, ки шаби 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд.
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи қазияи Иззат Амон маълумоте надоранд. Ӯ афзуд, ки “Иззат Амон шаҳрвандии Русияро дошт ва ҳамчун шаҳрванди Русия мақомоти ин кишвар ба сафорат ё бо ҷониби Тоҷикистон барои тасмимгирӣ дар нисбати ӯ машварат намекунанд”.
Суди ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор кардааст ва ба ӯ ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад. Қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст.
Дар дастуре, ки нусхаи он дар Фейсбук нашр шуд, гуфта шуда буд: «Холов Иззат эҳтимол тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст». Иззат Амон он замон гуфта буд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия хуш намеояд.
Ба назари коршинос Абдумалик Қодиров боздошти Иззат Амон такрори сенарияи қазияи марҳум Каромат Шарипов, ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки нахуст шаҳрвандияш беэътибор ва сипас ихроҷ карда шуд. Қодиров мегӯяд, Иззат Аммон бар зидди бадрафториҳо бо муҳоҷирони корӣ мубориза мебурд, бинобар ин барои мақомоти Русия як устухоне дар гулӯ шуда буд. “Онҳо талош мекунанд, ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд, дар ин ҷо имкони ҳимояи муҳоҷиронро гум мекунад. Фикр намекунам, дар ин кор мақомоти Тоҷикистон даст дорад.” гуфтааст ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *