JICA: Кӣ ба Ҷопон хонданӣ меравад, мебарем!
Намояндагони ташкилоти JICA дар Тоҷикистон бо мутахассисони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрданд.
Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамасола тибқи Шартномаи давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Япония оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳсил намудан дар донишгоҳҳои кишвари Япония аз ҷониби намоядагии JICA дар Тоҷикистон озмун гузаронида мешавад.
Тӯли солҳои гузашта якчанд нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барандаи озмуни мазкур гашта, малакаи корӣ ва савияи дониши худро дар донишгоҳҳои маъруфи давлати Япония такмилу тақвият додаанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ