КҲФ ҳушдор медиҳад
Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон рӯзи гузашта боришоти зиёди борон ба қайд гирифта шудааст,ки дар натиҷа баъзе сокинон хисороти молӣ дидаанд. Ин аст оқибати селфароӣ дар Тоҷикистон.
Ин навор аз ноҳияи Темурмалик аст, ки сел вориди ҳавлии чор манзили истиқоматӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони 204 хонавода аз сел зарар дидааст.
Ҳоло гурӯҳҳои корӣ хисороти офати табииро муайян мекунанд.
КҲФ ҳушдор медиҳад,ки рӯзҳои 16 ва 17-уми апрел дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон, ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ, хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ