КҲФ ҳушдор медиҳад: Аз туман эҳтиёт кунед!

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 17-18-уми декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ ва ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохуш тавсия додааст:

— шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг аз рафтан ба кӯчаву хиёбон худдорӣ кунанд;

— пиёдагардон бояд ҳангоми гузаштан аз чорроҳаҳо ва роҳҳо эҳтиёт кунанд;

— ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро дар чунин вазъи обу ҳаво риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд;

— мошингузарӣ, пойга омили хатар дар чунин ҳолатҳост;

— ҳангоми убур аз чорроҳаҳо, роҳҳои пиёдагузар оҳиста мошин ронед, хеле бадиққат бошед.

Тавре КҲФ ҳушдор додааст, набояд фаромӯш кард, ки туман барои ҳар нафар: ҳам ронанда ва ҳам пиёдагард метавонад хатар дошта бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *