КҲФ аз 18 ҳодисаи лағзиши тарма хабар ва ҳушдор дод: Эҳтиёт кунед!

9-уми марти соли 2022 дар роҳи мошингарди Душанбе — Варзоб (километрҳои 57, 58, 67, 68 ва 71), Душанбе — Хоруғ (километрҳои 478 ва 497), Хоруғ — Ишкошим (километри 29) ва роҳи Душанбе — Хоруғ — Мурғоб (километри 58) 18 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, барои тоза кардани роҳ аз барфтӯда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, талошҳои зиёд харҷ кардаву барои рафъи паёмадҳои тарма дастбакор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд ва Хоруғ — Ишкошим муваққатан баста аст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз — Ш. Шоҳин — Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, дар натиҷаи боришоти зиёд сангрезӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати наклиёт оқибатҳо бартараф гардида, роҳ кушода шудааст.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз сафарҳои безарурат дар роҳҳои куҳӣ худдорӣ кунанд ва эҳтиёткор бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *