КҲФ аз дарёфти чор ҷасади ғарқшуда хабар дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз ғарқ шудану фавтидани боз чаҳор шаҳрванд хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, аз Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хабар расидааст, ки рӯзи 9-уми июли соли 2022 як сокини чилсолаи деҳаи Лолазори ноҳияи Хуросон ҳангоми шиноварӣ дар қаламрави ноҳияи Кушониёни дарёи Вахш ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодиса дақиқ нест, аммо гуфта мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ аз беэҳтиётӣ ва надонистану риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст. Ғаввосони Раёсати КҲФ ҷасади ӯро пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.
Инчунин, 11-уми июли соли 2022 соати 16:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар шаҳри Хоруғ хабар расидааст, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Ёмҷи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон дар қаламрави Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ ҷасади зане дида шудааст. Ҷасадро аз он сӯи соҳил тариқи пули Теми шаҳри Хоруғ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додаанд. Маълум шудааст, ки ӯ як сокини 18-солаи ҷамоати Сомоншаҳри Хоруғ будааст. Ӯ рӯзи 29-уми июни соли 2022 аз хона баромада, ба самти ноҳияи Роштқалъа равон мешавад, вале ба ҷойе, ки бояд мерафт, нарасида нопадид гардидааст.
Боз, рӯзи 11-уми июли соли равон аз ШВКД-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи намудор шудани як ҷасад дар қаламрави ҷамоати Сарикиштӣ хабар медиҳанд. Имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд. Маълум шудааст, ки ӯ як сокини шаҳри Душанбе буда, 22 сол доштааст.
Ҳодисаи чорум дар ноҳияи Шаҳринав рух додааст. 11-уми июли соли 2022 тахминан соати 15:00 як сокини шастсолаи ҷамоати Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав бо сабабҳои номаълум дар канали деҳаи Чузӣ ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро аз об берун овардаву ба кормандони милитсия супоридаанд. Сабаби ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ