КҲФ: Барфи боми хонаҳоятонро сари вақт тоза кунед! (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия додааст, ки ба боми хонаҳои худ таваҷҷуҳ кунанд.
— Сокинони шаҳру деҳот бояд сари вақт боми хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, хасу хасрӯбаҳоеро, ки шамол овардааст, низ аз резишгоҳи об берун намоянд. Ба ин роҳ надиҳанд, ки барфи обшуда шабонгаҳон ях бандад ва шушаи бомгӯшаҳо одамонро ҷароҳатдор кунад. Онҳое, ки аз роҳҳо мегузаранд, бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Дониста бошед, ки ҳамеша зери кӯрпаи барф ях ниҳон аст ва ҳодисаҳои лағжидану лат хӯрдан зиёданд. Бахусус агар бубнед, ки дар бому новаҳо ва деворҳо шушаҳои ях овезонанд, бояд боэҳтиёт, дур аз он гузаред. Соҳибони мошинҳо бояд мошинҳои худро дуртар аз девори хонаҳову биноҳо нигоҳ доранд. Ин мошинҳо метавонанд бар асари аз бомҳо сарозер шудани яху барф зарар бинанд,- омадааст дар идомаи тавсияҳо.
Кумита ҳамчунин шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки бо сабаби гарм шудани дамои ҳаво об шудани барфҳо ва пиряхҳо як амри табиист ва дар роҳҳои куҳӣ ин метавонад сабаби хатар бошад, чун маъмулан гармии ҳаво муҷиби лағзиши тарма мешавад. Ба ҳамин хотир, аз сокинон хоҳиш карда шудааст, ки аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ