КҲФ дар ҳудуди пойтахт тамринҳои ғайринақшавӣ гузаронид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, киштзорҳои кишоварзӣ аз обхезии баҳорӣ, омадани сел ва ярч корҳои тоза кардани маҷрои рӯдхонаҳо, обанборҳо, каналҳо ва сойҳоро шуруъ кардаанд. Барои анҷоми ин корҳо техника ва аҳолии маҳалҳо ҷалб шудаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар, чунончи, кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Муассисаи давлатии «Раёсати мелиоратсия», Раёсати хоҷагии роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, инчунин аҳолии маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки дар як минтақаи осебпазир аз офатҳои табиӣ ҷойгир аст, тамринҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданиро анҷом додаанд.
— Ғайр аз ин, кормандони КҲФ бо истифода аз фурсат бо аҳолӣ дар мавриди хатари сел ва роҳҳои пешгирӣ аз он суҳбатҳо гузарониданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳар инсон метавонад дар пешгирӣ аз хатари ногаҳонӣ саҳм бигирад ва як роҳи аслии он илоҷи воқеа пеш аз вуқуи он аст. Яъне, қабл аз сел тоза намудани ҷӯйборҳо ва селроҳаҳо хатарҳои эҳтимолиро коҳиш медиҳад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ