КҲФ: Хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар асари барфу борони гузашта ва боришҳои оянда дар қитъаҳои куҳии роҳҳои мошингарди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз манотиқи осебпазир ва минтақаҳои хатарнок, инчунин аз ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
КҲФ тавсия додааст, ки воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароити яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя карда шаванд ва дар роҳҳо ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои лағзиши тарма фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Аз ин пештар ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода буд, ки бар асари гармои рӯзҳои охир ва боришҳои шадид эҳтимоли лағзиши тарма дар қаторкуҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ