КҲФ кормандони “Почтаи тоҷик”-ро меомӯзонад

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санҷиш ва расонидани кӯмаки амалӣ-методӣ, гузаронидани машғулияти намунавӣ бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.

Бино ба иттилои КҲФ, бо 15 нафар кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» машғулияти намунавӣ доир ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда ва дар рафти он бо ҳайати роҳбарикунандаву кормандон саволу ҷавобҳо гузаронида шудаанд.

— Мақсади гузаронидани санҷиш ва омӯзиш аз дуруст тартиб додани ҳуҷҷатгузориҳо, роҳандозии машғулиятҳо, машқҳо ва дигар чорабиниҳо дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии амалию методӣ ва дар ҳар гуна ҳолатҳои фавқулодда дуруст амал намудани онҳо иборат буд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *