КҲФ сабаби афзоиши заминларза дар Бадахшонро тавзеҳ дод
Рӯзҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) як силсила заминларза сабт шуда, боиси нигаронии мардуми маҳаллӣ шудааст. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, иллати ин зилзилаҳо пасларзаҳо – заминларзаи такрорӣ дар пайи заминларзаи шадиде мебошад, ки 27 августи соли 2024 рух додааст.
Заминларзаи рӯзи 27 август бо шиддати 4,9 дараҷа дар 25-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ, дар мавзеи шикасти зеризаминии Бартанг-Пшарт рух дод. Дар маркази зилзила шиддати он 5-5,5 балл буд, вале хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Таконҳои минбаъдаи шаби 18 сентябр бо шиддати то 4,3 балл ҳамчун пасларзаҳои ин заминларза эътироф шуданд. Коршиносон қайд мекунанд, ки пасларзаҳо метавонанд аз чанд ҳафта то моҳ давом кунанд. Аммо биноҳои баландошёнаи шаҳри Хоруғ ба заминларзаи то 8-9 дараҷа тоб оварда метавонанд, ки хатари хисороти ҷиддиро дар оянда коҳиш медиҳад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ