КҲФ: То охири феврал дар ноҳияҳои куҳӣ эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзиро дар роҳҳои асосии куҳии кишвар — Душанбе — Варзоб — Айнӣ ва Душанбе — Ванҷ идома медиҳанд.

Тавре қаблан КҲФ хабар дода буд, бино ба маълумоти обуҳавошиносон, то охири моҳи феврали соли 2022 дар навоҳии куҳистонии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои куҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват намудааст, ки то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои тармарез худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *