Кӣ аз хизмати ҳарбӣ озод аст?

Ҳукумати Тоҷикистон арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативиро дар Артиши кишвар муқаррар намуд, ки он ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст.

Як моҳ ба ҷойи ду сол

Акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази он дар муддати 1 моҳ дар ҷамъомади ҳарбӣ иштирок кунанд. Барои ин ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ (2,2 ҳазор доллар) ма,лағ пардохт кардан лозим аст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода хабар медиҳад.

Маблағи мазкур вобаста ба дигар шудани нишондиҳанда барои ҳисоб тағйир ёфта метавонад. Як нишондиҳанда барои  ҳисоб айни замон 60 сомонӣ муқаррар шудааст.

Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Тоҷикистон” хабар доданд, ки  ки минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супурдани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

“Ҳамаи шаҳрвандони аз 18 то 27-солае, ки қобил ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд” – хабар медиҳанд, аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Аз озод шудан то ба таъхир  андохтани хизмати ҳарбӣ 

Мутобиқи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони зерин аз хизмати ҳарбӣ озоданд:

 — беморон; 

 — онҳое, ки хидмати ҳарбиро дар дигар давлатҳо адо кардаанд,

 — онҳое, ки барои ҷиноят аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Аз хидмат ҳаққи озод шуданро доранд:

 — онҳое, ки аъзои оилаашон дар хидмати ҳарбӣ фавтидаанд,

 — онҳое, ки дар оила писар ё писархонди ягона мебошанд

 — онҳое, ки дорои унвони номзади илм ё доктори илм мебошанд, ҳуқуқи аз даъват озод шуданро доранд.

 Онҳое, ки ҳақ доранд давраи хидматро ба таъхир бигузоранд:

— даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд — то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;

— онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд (дар давраи ваколат);

— онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар зинаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил мекунанд (дар давраи таҳсил)

— омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои ин кор);

— онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои ин кор);

— онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

Вазири мудофиа шарҳ медиҳад:

Маврид ба ёдоварист, ки хизмати пулакии алтернативӣ дар асоси таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” сурат мегирад, ки онро 20 январи соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар қабул карда буд.

Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ ба “Тоҷикистон” гуфта буд, ки мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардида, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Шералӣ Мирзо зикр кард, ки “ҳамасола ҳамагӣ ҳудуди 10% ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, боқимонда 90% аз хизмат канор мемонанд”.

“Барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ намуди нави хизмат ташкил мешавад: дар муддати як моҳ бо пардохти маблағи муайян онҳо маҳорати гузаштан аз хизмати ҳарбиро меомӯзанд. Бо анҷоми ин курсҳо ба онҳо шаҳодатномаи ҳарбӣ дода мешавад”, — гуфта буд вазири мудофиаи Тоҷикистон.

Аз ин ба баъд даъвати хизматчиёни захиравӣ, баъд аз супурдани маблағи таъйиншуда, аз рӯи минтақаашон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа сурат мегирад. Шаҳрвандон баъди анҷоми хизмат ба сафи нерӯҳои эҳтиётӣ шомил мешаванд.

О.СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *