Кӣ ба куҷо рафт? Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз, 18 июл дар вазорату идораҳои кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод,

Тағйирот ба сохторҳои судӣ, додситонӣ, Вазорати дифоъ, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дахл кардааст.

Хадамоти матбуоти Президент ному насаби шахсонеро, ки аз вазифаҳояшон маҳрум шудаанд ва аз ҷониби роҳбари давлат ба вазифаҳои нав таъин шудаанд,  нанавиштааст.

Ҳамин тариқ, бо фармонҳои президент, тавре ки хадамоти матбуотӣ қайд мекунад, ба вазифаҳои зерин кадрҳои ҷавон ва ботаҷриба таъин карда шуданд:

— раиси суди шаҳри Хоруғ,

— раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон,

— судяи ноҳияи Кабодиёни вилояти Хатлон,

— судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон,

— судяи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон,

— муовини раиси суди ноҳияи Ҷабборрасулови вилояти Суғд,

— муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе,

— муовини раиси Суди ҳарбии шаҳри Душанбе,

— муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Инчунин бо қарорҳои ҳукумат таъин карда мешаванд:

— муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

— муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,

— сардори Муассисаи давлатии «Маркази татбиќи лоињаи сохтмон ва таљњизонидани мактабњо», ш.

— муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ,

— директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»,

— муовини сардори Хадамоти алоқа,

— сардори Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия

Аз номи сарвари давлат инхо таъин карда шуданд:

— муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ,

— муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ,

— муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Дар мувофиқа бо Президент ба вазифаҳои мудирони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокурори ноҳияи Мурғоб, прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурор оид ба назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Дар ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, додситонҳои ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шамсиддини Шоҳин, Хатлон, Сангвор ва Рӯдакӣ, инчунин роҳбарони кадрҳои ҷавону соҳибихтисос таъин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва баъзе ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо низ дахл дошт.

Таъинот асосан ба кадрхои дорой ду ва зиёда маълумоти олии харбй дахл дошт.

Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон масъулияти баланд ва афзалияти манфиатҳои миллии Ватанро барои ҳар як хизматчии давлатӣ ва ҳомии марзҳои Тоҷикистон таъкид намуда зимни суҳбат нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Сарвари кишвар  таъкид дошт,  ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *