Кӣ дубора коронавирус мешавад?
Нафароне, ки боре ба ин дард гирифтор шудаанд, набояд аз сирояти дубора ҳаросанд.
Сарфи назар аз он, ки сирояти такрорӣ аз эҳтимол дур аст, вале ҳолатҳои инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, изҳор доштааст Владимир Болибок, иммунолог-аллерголог дар мусоҳибае ба «Вечерняя Москва».
«Нафароне дубора мубталои коронавирус мешаванд, ки агар маризи бемориҳои вазнин, аз ҷумла саратон бошанд. Ин гуна беморӣ масунияти одамонро коҳиш медиҳад. Вале сафи чунин ҳолатҳо қатрае аз баҳр аст», — шарҳ додааст мутахассис.
Ба гуфтаи ӯ, аксари одамоне, ки аллакай маризии коронавирусро паси сар карданд, дорои масунияти тӯлонӣ мешаванд.
«Мӯҳлати ниҳоии мушоҳида аз моҳи декабри соли 2019 аст, вақте ки аввалин беморон дар Вуҳан пайдо шуданд. Онҳо то ҳол масуният доранд. То чанд муддати дигар масунияти онҳо нигоҳ дошта мешавад, посух гуфтан душвор аст», — гуфт Болибок. Пизишк мегӯяд, нафароне, ки боре ба ин дард гирифтор шудаанд, набояд аз сирояти дубора ҳаросанд. Зеро масунияте, ки аз гирифторшавиӣ нахустин пайдо мешавад, намегузорад, ки беморӣ ба сурати вазнин ҷараён кунад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ