Кӣ мераваду кӣ мемонад? Иттилоияи “Сомон Эйр”
Сафар танҳо ба мусофироне иҷозати парвоз дода мешавад, ки расман асос барои баргашт ба Русияро дошта бошанд
Ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» бо нашри иттилоия ба саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон расонидааст, ки аз парвози нахустини ин ширкат ба самти Русия на ҳамаи хоҳишмандон баҳравар мешаванд.
Бар хабари манбаъ, нахустини рӯзи парвози ин ширкат аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Русия фардо, 4 апрел сурат мегирад.
Тариқи ин хатсайр танҳо ба мусофироне иҷозати парвоз дода мешавад, ки расман асос барои баргашт ба Русияро дошта бошанд. Аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар рӯйхати Роструд ба қайд гирифта шудаанд, мутахассисони баландихтисос ва аъзоёни оилаҳои онҳо, инчунин онҳое, ки барои табобат ба Федератсияи Русия сафар мекунанд ва ё хешовандони наздикро дар он кишвар доранд, ба сафар роҳ дода мешаванд.
Қайд гардидааст, мусофироне, ки пешакӣ барои ин рӯз чипта харид намудаанд, имкон доранд, санаи онро тағйир диҳанд ва ё метавонанд чиптаи худро бозпас гардонанд.
Парвози навбатии мунтазам дар масири Душанбе — Маскав — Душанбе тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 6 апрел ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, ширкати мазкур таъкид намудааст, ки доштани маълумотнома дар бораи эмин будан аз коронавирус шарт ва зарур аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ