Кӣ пеши роҳи Умед Зокировро мегирад?

Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода

Ман борҳо оид ба кирдорҳои ғайриқонунии масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ, хусусан раиси он Умед Зокиров ба мақомотҳои дахлдор бо аризаҳои хаттӣ ва бо факту далелҳои қатъӣ муроҷиат кардаам.

 Ҳарчанд муроҷиатҳои ман аз ҷониби мақомотҳои марбута мавриди таҳлилу баррасиҳои ҳамаҷониба қарор гирифта, амалҳои ғайриқонунии раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ошкор шуда бошад ҳам, вале номбурда ҳамеша бе ҷазо мемонад. Ин ҳолат ӯро шердилтар мекунаду даст ба қонуншиканиҳои навбатӣ мезанад.

Зокиров  бо истифода аз мансаб беасос ва ғайриқонунӣ соли 2014 ба хоҷагиҳои деҳқонии мавҷуднабудаи «Мансур 1,2,3,4., дар асоси қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 18.11.2002 таҳти №247 Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин додааст, лекин дар асл бошад, хоҷагиҳои болозикр умуман дар замимаи қарори раиси ноҳия мавҷуд намебошанд ва сохтакорӣ дар нақшаи парвандаи заминсозӣ, сохтакорона ба ҷои раиси х/д Сиёвуш-1 имзо гузоштан ошкор карда шуданд. Доир ба ин амалҳои ғайриқонунӣ бо аризаҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба мақомотҳои дахлдори ноҳияи Мастчоҳ ва вилояти Суғд муроҷиат намудаам.

Мутаассифона, бо вуҷуди ошкор шудани  сохтакориҳо, раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Умед Зокиров боз ҳам ба кирдорҳои ғайриқонуниаш идома дода истодааст.  Дар  асоси ваҷҳҳое, ки дар боло зикр шуданд, қарорҳои раиси ноҳияи Мастчоҳ, таҳти №132 аз 14.02.2019 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 02.07. 2018, таҳти №502 «Дар бораи якҷоя намудани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии сарҷамъшудаи «Мансур 1,2,3,4., воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор ва таҳти №133 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси ноҳия Мастчоҳ аз 15.02. 2017, таҳти №125 «Дар бораи якҷоя намудани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён — 1,2,3,4,5,6., воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бароварда шуданд.

Дар асоси эътирози Прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ қарорҳои болоӣ бекор гардиданд. Дар ин бора ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намуда будам. Аз тарафи ин Раёсат нисбати Давлатов Т.О. бо моддаи 340, қисми 1 ва нисбати Муллоҷонов С.Р. бо моддаҳои 295, қисми 1 ва 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба итмом расид. Инчунин, Раёсати мазкур ба унвонии собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода Ғ. пешниҳод оид ба бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат намудаанд, мактуб ирсол намуда, дар он пешниҳод шуда буд, ки қарори pаиси ноҳияи Мастчоҳ аз 14.02. 2019, таҳти №133 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 15.02. 2017, №125 «Дар бораи якҷоя намудани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён 1,2,3,4,5» ва 6., воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор ва қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ таҳти №132 аз 14.02.2019 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 02.07. 2018, №502 «Дар бораи якҷоя намудани хоҷагихри деҳқонии «Мансур 1,2,3 ва 4», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор, бинобар бо сабаби бар хилофи қонун буданаш, бекор карда шавад. Ҳамчунин, тибқи пешниҳоди зикршуда дархост шуда буд, ки ҷиҳати ба саҳмдорони аслии хоҷагии деҳқонии «Дадаҷониён- 14,15,16,17,18,19 ва 20» баргардонидани қитъаи замини ба хоҷагии деҳқонии «Мансур-3» дода шуда, чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Аммо  раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода ин пешниҳодро қисман қонеъ кард. Бо вуҷуди қонунвайронкуниҳои дағал ва кирдорҳое, ки дар онҳо амалҳои ҷиноят ҷой доранд, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Умед Зокиров аз мансаби худ суиистифода намуда, баъди пешниҳоди Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба унвонии раиси ноҳияи Мастчоҳ оид ба бекор кардан қарор дар бораи тағйирот, вай боз лоиҳаи қарори нав дар бораи тағйирот омода намуда, барои раиси ноҳия пешниҳод кардааст. Гарчанде пешниҳоди Раёсати мазкур зиёда аз як моҳ баррасӣ шуда бошад ҳам, лекин пешниҳоди раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ дар муддати камтар аз як рўз, яъне санаи 09.01. 2020 баррасӣ шуд. Пешниҳоди Зокиров Умед пешакӣ ҳал шудааст ва бинобар бо вуҷуди кирдорҳои ғайриқонуниаш беҷазо монд ва бо сабаби ғаразҳои шахсӣ ва кинаву адоват нисбати саҳмдорони х/д «Сиёвуш-1», ки барои барқароршавии ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба воситаи муроҷиату шикоятҳо ба мақомотҳои дахлдор талош меварзанд, намехоҳад, ки адолат ва волоияти қонун дар ин самт пурра барқарор шавад. Дар асоси гуфтаҳои боло ба унвонии Прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуда, хоҳиш карда будем, ки ариза объективона мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода шуда, нисбати раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Умед чора дида шавад. Дар ин замина мо дархост намуда будем, ки қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 14.02. 2019, таҳти №133 санҷида шуда, ғайриқонунӣ буданашон ошкор ва бекор карда шаванд.

Аз ҷониби прокуратура низ  аризаи ман қисман қонеъ карда шуд ва барои бекоркунии ин қарорҳо ба унвони и.в. раиси ноҳия Мастчоҳ эътироз оварда шуд. Бо назардошти ин эътирозҳо бо қарори и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ қарорҳои қаблии раиси ноҳия, ки хилофи қонунгузорӣ буданд, бекор карда шуданд. Дар асоси гуфтаҳои боло ба унвонии и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуда, хоҳиш карда будам, ки нақшаи қитъаи замини хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1», ки дар сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин нодуруст тартиб дода шудааст, ба нақшаҳои қитъаҳои замини дар сертификатҳои хоҷагиҳои деҳқонии Сафариён 1, 2, 3, 4, 5 ва 6, мутобиқат кунонида шуда, аз рўи нақшаи умумии хоҷагиҳои болозикршуда қитъаи замини хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1» дар маҳал муайян карда шавад. Лекин боз аз тарафи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Умед монеаҳои сунъӣ, аз қабили имзо нагузоштан дар ҳуҷҷатҳои дахлдор оиди аниқу дақиқ муайян намудани нақшаи қитъаи замини х/д Сиёвуш-1», ки аз тарафи КДФ «Суғдзаминсоз» дуруст ва қонунӣ тартиб дода шудаанд, ба вуҷуд омода истодаанд.

Бо вуҷуди ин, гарчанде аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чаҳор қарори раиси ноҳия, ки бо кўшишу дахолатҳои Умед Зокиров ба тасвиб расида буданд, бекор гардида бошанд ҳам, вале кинаву ғаразҳои шахсии ў намегузорад то ҳақ ба ҳақдор расиду волоияти қонун таъмин карда шавад.

Умед Зокиров, раиси Кумитаи замини ноҳияи Мастчоҳ

Умед Зокиров бар замми ҳамаи ин амалҳое, ки хилофи қонунанд, бо маслиҳати пешакӣ бо муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Атовуллозода М. ва собиқ раиси хоҷагии деҳқонии ғайриқонунӣ ташкилшудаи “Мансур-3” Давлатов Тобил мехоҳанд, боз 0,10 га замини қонунии х/д «Сиёвуш-1»кам кунанд. Дар ҳуҷҷатҳои дахлдори қонунӣ имзо нагузоштани Умед Зокиров ва саркашӣ намудан аз он гуфтаҳои болоро собит месозад. Бо пешниҳоди Зокиров раиси ноҳия  «Дар бораи ба фонди махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дохил намудани заминҳои хоҷагии деҳқонии «Додоҷониён 14,15,16,17,18,19 ва 20” қабул шуд, ки ғайриқонунӣ мебошад.

Айни замон собиқ раиси хоҷагии деҳқонии «Мансур-3» Давлатов Тобил заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Додоҷониён 14- 20»-ро ғайриқонунӣ ва бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуќуқӣ истифода бурда истодааст.

Аз мақомотҳои марбута хоҳиш менамоям, ки муроҷиати ман мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода шуда, ин қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ бекор карда шавад. Нисбати муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Атовуллозода М., раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Умед ва собиқ раиси х/д “Мансур — 3” Давлатов Тобил барои содиркунии кирдорҳои ғайриқонунӣ чора андешида шаванд.

Мирзоев Мўҳсин Бегович,

сардори хоҷагии деҳқонии “Сиёвуш — 1”, сокини ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоати шаҳраки Бўстон, маҳаллаи

Ҷ. Балхӣ, кўчаи А. Ҷомӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *