Кӣ пешсаф? Тоҷикистон беш ва $100 миллион кумак гирифт
Амрико, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Нидерланд, Шветсия, Дания ва Ӯзбекистон дар раддаи аввали кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти оморӣ, танҳо дар давоми 8 моҳи соли равон Тоҷикистон ба маблағи беш аз 100 млн доллар ёрии башардӯстона гирифтааст.
Кадом кишвар дар раддаи аввал?
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-августи соли 2022 ба ҷумҳурӣ 56 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 100405,8 ҳазор доллар ё 9462,2 тонна ёрии башардӯстона расонидаанд. Масъулини Агентии омор ба Presssa.tj гуфтанд, ки аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба Амрико — 33 фоиз, Чин — 32 фоиз, Ҷопон — 4,7 фоиз, Ҳиндустон — 5,9 фоиз, Шветсия — 2,2 фоиз, Русия — 3,2 фоиз, Ӯзбекистон — 1,5 фоиз, Нидерланд — 2,3 фоиз, Дания — 1,6 фоиз, Туркия, Ҷумҳурии Корея ва Олмон — 1-фоизӣ, АМА — 0,5 фоиз, Фаронса — 0,5 фоиз, Покистон — 0,4 фоиз, Қазоқистон, Италия — 0,1 фоиз, Австралия — 0,3 фоиз, Белорус, Украина — 0,1-фоизӣ рост меояд.
Тоҷикистон — кишвари камдаромад
Аз рӯи таҳлиҳо бармеояд, ки теъдоди кишварҳои ёрирасон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб тағйир наёфтааст, аммо маблағи умумии кумак афзудааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ба ҷумҳурӣ аз 62 кишвар ба маблағи 111 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар байни 30 кишвари бештар камбизоати ҷаҳон қарор дорад. Кумакҳои башардӯстона, аз қабили молу маҳсулоти гуногун, инчунин, аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ кумаки пулӣ — грант, қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ мегиранд. Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона давлате боқӣ мемонад, ки тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ дар сафи кишварҳои сатҳи даромадашон паст қарор дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии чунин кишварҳо ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1026 долларро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ ба 886 доллар баробар шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ММД-и ҷумҳурӣ ба 98,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 8,8 млрд доллар) баробар шуда, шумори аҳолии доимии кишвар то 1-уми январ ба 9 млн 934,4 ҳазор ва ҳоло бошад, ба 10 миллион расидааст.
Бонки авруосиёии рушд чӣ мегӯяд?
Дар гузориши қаблан нашршудаи Бонки авруосиёии рушд гуфта мешуд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Арманистон 4679, Беларус — 7333, Қазоқистон — 10 155, Қирғизистон — 1328, Русия — 12 196 ва дар Тоҷикистон 878 долларро ташкил додааст. Аммо тибқи маълумоти Хазинаи байналмилалии асъор дар соли гузашта, нишондиҳандаҳои нисбатан беҳтар дар ин самт миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Назди Балтика ба қайд гирифта шудааст: Эстония — 27 100, Литва — 22 411 ва Латвия — 19 538 доллар. Дар шаш кишвари боқимондаи пасошӯравӣ ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли гузашта тариқи зайл аст: Туркманистон — 8843, Озарбойҷон — 5167, Украина — 4960, Гурҷистон — 4807, Молдова — 4791 ва Ӯзбекистон — 1901 доллар.
Аммо мувофиқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст ҷойгир аст. Дар ин кишварҳо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ 31 кишвари ҷаҳон шомиланд.
У. РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ