Кӯҳансолтарин футболбози касбӣ кист?

Форварди 53-сола бошгоҳи «Йокогама» – Кадзуёси Миура кӯҳансолтарин футболбоз дар таърихи чемпионати Ҷопон гардид.

Дар бозии даври 18-уми чемпионати Ҷопон «Кавасаки» дар майдони худ «Йокогама»-ро қабул кард. Бозии дастаҳои бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи мизбон хотима ёфт.

Ҷолибияти ин рақобат дар он буд, ки ҳамлагари «Йокогама» – Кадзуёси Миура аз дақиқаҳои аввал дар ҳайати меҳмонон ҳунарнамоӣ кард. Форвард дар синни 53-солагию 210 рӯзагӣ вориди майдон шуд ва кӯҳансолтарин бозингар дар таърихи чемпионати Ҷопон гардид. Ин мавсим 35-ум дар фаъолияти футболбозии ин ҳамлагар ба ҳисоб меравад.

Дастоварди қаблӣ ба Масаси Накаяма – футболбози «Azul Claro» тааллуқ дошт, ки ӯ соли 2012 дар чемпионати Ҷопон дар синни 45-солагию 2 моҳу 1 рӯзагӣ бозӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки шартномаи Миура бо клуби «Ёкогама» то охири мавсими ҷорӣ эътибор дорад.

«Ёкогама» пас аз соли 2007 бори аввал дар дивизиони олии чемпионати Ҷопон бозӣ мекунад. Пештар дастаи мазкур дар лигаи дуюм бозӣ мекард.

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки кӯҳансолтарин футболбози касбӣ дар таърих Хандсурен Оюнбилеги 54-сола аст, ки рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ рекорд гузошт. Хандсурен футболбози дастаи «Сумида-Жипро»-и Муғулистон мебошад. Бозингар дар бозии даври 15-уми чемпионати Муғулистон байни дастаҳои «Сумида-Жипро» ва «Улан-Батора» ба майдон ворид шуда, 86 дақиқа бозӣ кард. Синну соли футболбози хатти ҳимоя дар он бозӣ 54 солаву 8 моҳаву 3 рӯза буд, ки ин натиҷа дар таърихи футбол рекорд ба ҳисоб меравад

Маҳмадназар Наҷбудинов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *