Кӯчаи академик Отахонова. Пешниҳоди олимон ба шаҳрдори Душанбе

Дар маросиме, ки санаи 9-уми декабр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бахшида ба 90-солагии академик Хуршеда Отахонова баргузор шуд, пешниҳод гардид, ки кӯчае дар Душанбе ба номи ин пажуҳишгари тоҷик гузошта шавад.

Дар ин маросим Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, академик Кароматулло Олимов, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ карда, аз зиндагинома ва корномаи илмии Хуршеда Отахонова ёдоварӣ карданд. Ҳамзамон, дар ин ёдбуд пешниҳод шуд, ки ба хотири гиромидошти номи Хуршеда Отахонова дар Душанбе кӯчае ба номаш гузошта шавад. Гуфта шуд, ки ин дархост дар наздиктарин фурсат ба шаҳрдории пойтахт ироа мегардад.

Хуршеда Отахонова яке аз муҳаққиқони барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буд ва дар соҳаи филология аввалин ва ягона занест, ки ба мартабаи академикӣ расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *