Кӯдак. Офаридаи нозуке, ки таваҷҷуҳи бештар мехоҳад
1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон буд, ки гузашт. Мехостам ҳафтаи гузашта, дар ин рӯзи барои худам ҳам таърихӣ, ки зодрӯзам аст, дар бораи зиндагии кӯдакон ва ҳақу ҳуқуқи ин табақаи дастнигар матлабе нависам. Аммо худдорӣ кардам. Хостам ин ҷашн гузарад ва бубинам, ки кӣ ба дастгирии кӯдакон садо баланд мекунад ва кӣ дар бораи мушкилоти имрӯзаи онҳо чизе мегӯяд.
Воқеан, мушоҳида намудам, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ нисбати рӯзи кӯдакон — офаридаҳои нозук таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Хусусан, чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз Душанбе сар карда то Исфараву Бохтар ҳокӣ аз он буданд, ки давлат ҳаргиз уҳдадориҳояшро назди кӯдакон — насли наврас фаромӯш накардааст. Насле, ки аз кулли аъзои ҷомеа таваҷҷуҳи бештар тақозо дорад. Зеро, бачаи инсон ягон махлуқи дигар нест, ки очааш зодаву лесида хушк кардан замон аз ҷой парида хезаду ба давутоз дарояд…
Шояд хонандаҳои кунҷкове ҳам ин замон пайдо шаванд, ки ба нутқи банда бо нигоҳи суоломез вокуниш кунанд. Медонам суоли онҳо чист. Мехоҳанд пурсанд, ки бо кадом мақсаду ҳадаф забон ба тавсифи мақомоти давлатӣ гарм кардаам?
Дар ин ҳол, то он ки ҳодисаи нохуши санаи 3-юми июн рухдодаро намуна наорам, наметавонам ба суоли хонанда посух диҳам. Ҳамон рӯз дар шабакаҳои интернетӣ наворе пахш шуд, ки дар он шикастани истгоҳи воситаҳои нақлиёт воқеъ дар кӯчаи А. Сино аз ҷониби ноболиғон инъикос ёфта буд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баъди чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян кард, ки ноболиғони мазкур хонандагони синфи 7-и Литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе будаанд. Онҳо баъди баромадан аз муассисаи таълимӣ бо мақсади худнамоӣ такягоҳи истгоҳи воситаҳои нақлиётро шикастаанд.
Акнун, хонандагоне, ки ба ман эрод мегиранд, лутфан бигӯянд, бо ин тоифаи ба ном «хонандагони болаёқат» чӣ бояд кард? Магар онҳо лоиқи сарзаниш нестанд? Магар волидони онҳо ва масъулини литсей ақаллан аз номи ин муассисаи машҳур шарм намекунанд? Ё барои ин «вандализм», эъ, мебахшед, «қаҳрамонияшон» ба онҳо ва падару модаронашону роҳбарияти литсей медалу ифтихорнома диҳем!?
Аслан, ман ҳам қаблан фикр мекардам, ки ҳамин Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бори гарони падару модаронро боз ҳам вазнинтар мекунаду зарурат надорад. Албатта, бо фикри он, ки бе мавҷудияти қонун ҳам волидон барои тарбияи фарзандонашон масъуланд ва беҳтарин қонун таваҷҷуҳи онҳост, ки ҳатто аз дастурамалҳои Парижу санаду эъломияҳои СММ бояд як қадам пеш истад. Аммо, бори дигар эътимодам қавӣ шуд, ки ин қонун лозим будааст. На барои ҳама, барои оилаҳое, ки гапи шавҳар ба занаш намегузарад ва гапи зан ба фарзанд!
Боқӣ, касе гап дорад, гап занад!
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ