Кӯдаки 3-сола аз ошёнаи 5-ум афтод (Видео)

Як кӯдак дар шаҳри Тошканд аз ошёни 5 афтодааст, хабар медиҳад агентии Ислам нюс.

Санаи 14 январ дар ноҳияи Олмазори Тошканд кӯдаки 3-солае аз ошёнаи 5-ум афтодааст. Ҳамсояҳо ва роҳгузарон ин ҳодисаро шоҳид шуда, кӯдакро наҷот доданд.

Дар интернет навори наҷот додани кӯдак низ нашр шудааст. Тавре дар навор дида мешавад, кӯдак аз чашми волидон дур афтода, аз тирезаи ошёнаи 5-ум баромада, овезон мешавад. Роҳгузарон ва ҳамсояҳо ин ҳолатро дида, ба наҷоти кудак мешитобанд. Мардҳо курпаеро дар поён кушода медоранд ва кӯдак ҳангоми афтодан танҳо ба болохонаи яке аз хонаҳо бархӯрда бе ягон осебёбӣ ба кӯрпа меафтад.

Ёрии таъҷилӣ давоми 7 дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯдакро дар бемористон бистарӣ карданд.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон мегӯяд, ки вазъи писарбача хуб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *