Кӯдаки думоҳаро дар Душанбе дуздиданд
Дар назди поликлиникаи № 13 шаҳри Душанбе дирӯз модаре кудакашро ба дасти худ ба дасти одамрабоён дод.
Шоҳидон ҳодисаро чунин нақл кардаанд:“Ҷавонзан бо кӯдак барои муоина пеши духтур омада буд. Вале маълум шуд, ки духтур бе дастпӯшак муоина намегузаронад ва дастпӯшакро муштариён бояд худашон меовардаанд.
Модари кӯдак барои харидани дастпӯшак берун баромадааст ва як духтари дигар, ки ҳамон ҷо меистод, пешниҳод кардааст, ки то омаданаш кӯдакашро нигоҳ мекунад. Модар фикр кардааст, ки ӯ корманди бемористон аст ва кӯдакашро ба он духтар додааст. Вале вақте ки бармегардад, на духтарро пайдо кардааст ва на кӯдакашро.”
Дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе низ ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алакай рӯи ин қазия кор карда истодаанд.
Як манбаъ дар мақомоти милисаи Душанбе ба “Азия Плюс” гуфтааст:“Дар ҳақиқат, ба мо дар ин бобат муроҷиат карданд ва як гуруҳи корӣ ташкил шуда, алакай кор карда истодааст. Дар он макон дар ҳама ҷо видеокамераҳои назоратӣ насб карда шудаанд ва сабтҳоро гирифта, кор карда истодаанд. Фикр мекунам, ки кӯдак ва занеро, ки ӯро бурдааст, ба зудӣ пайдо мекунанд.”Ҳомидҷон Ҳомидзода, сартабиби Маркази саломатии №13 гуфтааст, ки аз ин ҳодиса ӯро ҳам дар ҷараён гузоштаанд, вале азбаски дар рухсатӣ аст, аз тафсилоташ хабар надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ