Кӯкнор ягона манбаи даромад…
Кишти кӯкнор дар ҷануби Афғонистон имсол дар муқоиса бо солҳои гузашта афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ дар кишвар кишти кукнор ягона роҳи таъмини рӯзгор барои сокинони маҳаллӣ, бахусус дар вилоятҳои Қандаҳор ва Ҳилманд боқӣ мондааст.
Ҳарчанд гузориши СММ дар соли 2021 дар бораи тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ҳанӯз нашр нашудааст, аммо тибқи як назарсанҷӣ, ки дар моҳи апрели соли равон баргузор шуда буд, нишон дод, ки дар муқоиса бо соли 2020 кишти кукнор 37 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сухангӯи Толибон (дар Тоҷикистон мамнуъ) ахиран дар як мусоҳиба бар зарурати мубориза бо кишти кукнор дар Афғонистон таъкид кард.
Пас аз тасарруфи Афғонистон аз ҷонии Толибон, намояндагони ин гурӯҳ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои аз байн бурдани кишти хашхош дар Афғонистон ва пайдо кардани роҳҳои кишти зироатҳои дигар ба хотири расонидани кишти тарёк ба сифр ба онҳо кумак кунанд.
Аммо бино ба гузоришҳои расонаҳо, аз замони ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишти кукнор ин кшвар коҳиш наёфтааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид афзуд: “Дар ҳоли ҳозир ҳудуди се миллион афғон нашъаманданд. Ин барои мо хеле дардовар аст. Мо кушиш мекунем, ки аз кишт ва тавлиди маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунем. Дар соли 2001 мо тавонистем, ки кишт ва тавлиди маводи мухаддирро кам кунем. Мо ҳоло дар ҳамин самт амал хоҳем кард».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ