Кӯлоб 5000 — сола аст? Абдурауф Раззоқӣ идомаи Саразмро пайдо кард
Бостоншиносони тоҷик Абдурауф Раззоқӣ ва Татяна Филимонова зимни ҳафриёт дар шаҳри Кӯлоб қабр ва устухони ҷасадеро пайдо карданд, ки ба давраи сангу биринҷӣ тааллуқ дорад. Пас аз омӯзиши бозёфт донишмандони зикршуда аз 5000-солагии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Корде, ки Кӯлобро ба асри биринҷ бурд
Хабари 5000-сола будани шаҳре, ки чанд сол қабл 2700 — солагии он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шуда буд, баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Бинобар ин, мо бо бостоншинос Абдурауф Раззоқӣ дар тамос шуда, тафсилоти бозёфти ҷадидашро пурсон шудем.
Бостоншинос чунин нақл кард:
-Ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев маро ба Душанбе даъват карда, корди қадимаеро нишон доданд. Ин кордро сокини шаҳри Кӯлоб Амирхон Хоҷаев дар маҳаллаи “Умари Хайём” тасодуфан ёфтааст.
Омӯзишҳои ибтидоӣ нишон дод, ки корд дар аҳди биринҷӣ, яъне тақрибан 50 аср пеш сохта шудааст. Ба банда, ки 37 сол аст бо ҳафриёти Саразм машғулам, ин бозёфти шабеҳи Саразм хеле аҷиб буд. Он метавонист сароғози як кашфиёти бузург бошад. Чун банда дар Саразм масруф будам, наметавонистам, ки ҳамон замон ба Кӯлоб равам. Бинобар ин, баъди таҷлили 5500 — солагии Саразм Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ману ҳамкасбам Татяна Филимоноваро бо бостоншиносони ҷавон Парвина Муродова ва Ислом Ашурмамадов 3 октябр ба Кӯлоб равона кард.
Ҷасади шабеҳи Маликаи Саразм
Кори бостоншиносон ба гуфти Абдурауф Раззоқӣ, аз омӯхтани мавзее шурӯъ шуд, ки дар он ҷо Амирхон Хоҷаев кордро пайдо карда буд. Маълум шуд, ки номбурда вақти хонасозӣ аз қабати хок ин бозёфтро пайдо кардааст.
-Ковишҳои мо ҳафт рӯз идома кард, — мегӯяд Абдурауф Раззоқӣ ва аз пайдо шудани қабр хабар медиҳад. — Маҳали ҳафриётро то 4 метр кофтем. Билохира, санаи 11 октябр қабре пайдо шуд, ки дар он ҷасаде бо шакли батнимодарӣ дафн шудааст. Яъне, бо тарзи ба аҳди неолит хос, ки бостоншиносони асри гузашта дар Саразм, Эрон, Туркманистон ва Афғонистон пайдо карда буданд. Лекин дар қарни кунунӣ ва дар шаҳри Кӯлоб ин нахустин бозёфти аҳди неолит аст.
Ба иттилои бостоншинос дар баробари ҷасад аз шафати қабо устухони сари гӯсфанд пайдо шудааст, ки далели моли қурбонӣ буданаш аст, ки он замон барои шахси фавтида мекарданд. Дар тарафи рости қабр зарфи сафолӣ ва ду шаддаи ақиқ низ пайдо шудааст, ки бо санъати баланд сохта шудаанд.
-Мо аз қабр ва наздики он сангҳои гирди ранги аҳмарӣ ва лахча пайдо кардем. Яъне, ҳангоми дафни ҷасад оташ афрӯхтаанд, ки дар замони сангу биринҷӣ маъмул буд. Ин аломатҳоро дар ёдгориҳои аҳди қадимаи кишоварзии Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик пайдо кардаанд. Ба ибораи дигар, ҳама бозёфти қабр ва дохили он ба охири ҳазораи 4 ва ибтидои асри 3 пеш аз милод пайванд дорад. Алҳол ин бозёфтҳо, ки шаҳодати таърихи тақрибан 5000 — солаи Кӯлобанд, дар осорхонаи шаҳранд, — мегӯяд Абдурауф Раззоқӣ.
Кӯлоб идомаи Саразм аст?
Ин суоли асосии банда ба Абдуррауф Раззоқӣ буд, зеро қаблан бостоншинос Саидмурод Бобомуллоев Фархорро идомаи Саразм ва зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз 4000-солагии Кангурт хабар дода, ин мавзеъро эҳтимолан идомаи Саразм номида буд.
Абдурауф Раззоқӣ ба ин суол чунин посух медиҳад:
— Охири ҳазораи 3 то милод дар тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ хушксолӣ омад. Дар ин марҳила на танҳо саразмиён, балки қабилаҳои ҳамдавру ҳамҷавори онҳо, ки дар Туркманистони ҷанубӣ, Эрону Афғонистон мезистанд, манзили худро тарк карданд. Ба ҷойҳое рафтанд, ки об дошту ободӣ буд. Саразмиён низ кӯч бастанд. Гурӯҳе ба самти Самарқанду Бухоро рафт, ки бозёфтҳои бостоншиносӣ инро исбот кардаанд. Якчанд бозёфти тасодуфан пайдокардаи одамон дар Кӯҳистони Мастчоҳ, деҳаи Арақчии ноҳияи Варзоб, ёдгориҳои Данғараю Фархор шабеҳи ҳаманд. Саразмиён ба чор тараф рафтанду муқимнишинию шаҳрдорию шаҳрсозии худро идома доданд. Дар Кӯлоб низ. Инро ковишу тадқиқоти минбаъда дақиқтар хоҳад кард.
Саросема набояд шуд…
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар хулоса кардан саросема набояд шуд ва кофтукобро идома бояд дод.
-Шояд зери хок қабристони калоне ҳаст, ки мо аз канораш якеро пайдо кардем. Гузашта аз ин, бояд шаҳр ё деҳшаҳр — ҷои зисти одамон низ бошад. Одамоне, ки кишоварз, чорводор, маъдангудозу ҳунарманду тоҷир буданд. Инҳоро фақат баъди ковишҳои тӯлонӣ метавон муайян намуд. Ҳама бозёфте, ки ба Осорхонаи шаҳри Кӯлоб супурдем, ниёз ба омӯзиш доранд. Ба таҳқиқи антропологӣ, зоологию биологӣ ва ғайра. Дар он сурат, масалан, аниқ мешуд, ки устухони қабр аз мард аст ё зан, чанд сол дорад, ирқу нажодаш чӣ гуна? Ба ҳар ҳол дар шинохти Кӯлоб саҳифаи нав боз шуд. Акнун фақат кор мебояд кард, – мегӯяд Абдурауф Раззоқӣ.
Одил Нозир,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ