Кӯлоб: Ифтитоҳи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

Дар шаҳри Кӯлоб нуқтаи фурӯши сӯзишвории рақами 57-и ҶДММ «Газпром нефт-Таджикистан» ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, нуқтаи мазкур бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба дастрасӣ ба сӯзишвории босифату тарзи хизматрасонии замонавӣ мусоидат менамояд.

— Зимни ифтитоҳи нуқтаи фӯруши сӯзишворӣ ба роҳбарияти ҶДММ «Газпром нефт-Таджикистан» барои кушодани нуқтаи замонавии хизматрасонии мазкур аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур 20 нафар кормандон, аз ҷумла 4 нафар занону духтарон аз ҳисоби истиқоматкунандагони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *